Дар робита ба Рӯзи бетарафии Туркманистон дар ин кишвар қисме аз зиндониёнро авф мекунанд. Матбуоти расмии он кишвар менависад, ки бо фармони президент 796 зиндонӣ озод хоҳад шуд.

"Фармондеҳи олии Нерӯҳои мусаллаҳи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов фармони авфи 796 зиндониро имзо кард", - иттилоъ медиҳад Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории ТДХ.

Гуфта мешавад, Бердимуҳаммадов ба вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарони дигари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки барои раҳоии авфшудагон дар фурсатҳои наздик чораҷӯӣ кунанд.

"Бо эъломи авф мо шароитеро фароҳам мекунем, ки ҷинояткорони пушаймоншуда бо меҳнати содиқона гуноҳашонро ҷуброн кунанд", - гуфтааст президенти Туркманистон.

Хотиррасон мешавад, ки соли 2017 дар Туркманистон бештар аз 3 ҳазор зиндонӣ авф шуда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, давоми солҳои тӯлонӣ миёни авфшудагон ҳеч кадом аз "зиндониёни сиёсӣ" набуданд.

Рӯзи бетарафӣ 12 декабр (туркманӣ - Bitaraplyk baýramy) дар Туркманистон аз нигоҳи муҳимият дуюмин иди давлатӣ ба шумор меравад. Санаи 12 декабри соли 1995 дар иҷлосияи 50-уми Мачмаи Умумии СММ қатънома қабул шуд, ки дар он аз пешниҳоди Туркманистон ба сифати давлати дорои мақоми бетарафии доимӣ ҷонибдорӣ шуд.

Мувофиқи ин қатънома, Туркманистон давлати бетараф дониста шуда, уҳдадор мешавад, ки дар низоъҳои мусаллаҳона иштирок накарда, ба умури дохилии дигар кишварҳо дахолат намекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.