Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ду соли гузашта ҳаҷми кӯмаки молиявӣ ба Ӯзбекистонро қариб се баробар зиёд намуд. Дар ин бора и.в. ёвари котиби давлатии ИМА оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Элис Уэллс, дар ҷараёни машварати сиёсии Ӯзбекистону Амрико, дар Тошканд ибрози андеша намуд, менависад  CA-NEWS.

Ба қавли Элис Уэллс, соли 2016 Вашингтон ба Тошканд 10, 1 миллион доллар кӯмак намуд. Соли 2018 бошад, ҳаҷми кӯмак 28,1 миллион долларро ташкил дод.

Элис Уэллс зикр намуд, ки зиёд шудани кӯмаки ИМА ба Ӯзбекистон баёнгари ҷонибдории Вашингтон аз ислоҳоти роҳандозӣ шуда дар Ӯзбекистон аст.

Элис Уэллс 26 феврал, барои иштирок дар машварати сиёсии Ӯзбекистону Амрико ба Тошканд ташриф овард.  Худи ҳамон рӯз мулоқоти Элис Уэллс бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.