Дар Ӯзбекистон як дояи таваллудхонаи ноҳияи Янгиюли вилояти Тошкандро бо гумони фурӯши тифли навзод боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, доя кӯдакро бар ивази 100 доллари амрикоӣ фурӯхтанӣ будааст.

Бо истинод ба иттилои Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфта мешавад, доя Р.Х. ба зане, ки 1 апрел духтар таваллуд карда буд, гуфтааст, ки кӯдакаш фавтид.

Сипас Р. Х. бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо кӯдакро ба номи зани дигар ба қайд гирифта, дар иваз 100 доллари амрикоӣ дарёфт кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.