Дар интихоботи ғайринавбатии президентии Қазоқистон, ки рӯзи 9 июн дар назар аст, тибқи маълумоти охири  саҳеҳшуда, аз буҷети давлат 24,8 млн. доллар ҷудо мешавад.

Муовини аввали сарвазири Қазоқистон Алихон Смаилов дар ин робита изҳор намудааст, ки дар ҷаласаи ҳукумат доир ба ҷудо кардани 9,4 млрд. танга (24,8 млн. доллар) аз захираҳои ҳукумат барои баргузор намудани маъракаи интихоботи президентӣ тасмим гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, лоиҳаи қарори мазкур дар сомонаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии Қазоқистон нашр шудааст.

Гуфта мешавад, дар лоиҳа омадааст, ки аз ҳисоби захираҳои ҳукумат аз буҷети соли 2019 ба Комисияи марказии интихоботӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар маҷмуъ 24,8 миллион доллар ҷудо шавад.

Ба иттилои мақомот, 70 дарсади маблағи мазкур барои пардохти маоши касоне харҷ мешавад, ки дар маъракаи интихоботӣ фаъолият мекунанд.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон рӯзи 9 апрел эълом кард, ки дар кишвараш интихоботи ғайринавбатӣ баргузор мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки пешбарии номзадҳо ба мақоми президентӣ 10 апрел шурӯъ шуд ва рӯзи 28 апрел ба поён хоҳад расид.