Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 76-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили хоҷагии об доир гардид.

Дар кори ҷаласа вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон Ерлан Нисонбоев, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимзода, сардори Раёсати истифодаи оби Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Байгелдӣ Байҷонов ва намояндагони мақомоти иҷроияи Комиссия иштирок карданд.

Зимни ҷаласа натиҷаҳои истифодаи маҳдуд кардан (лимит) ва реҷаи кори силсилаобанборҳо дар давраи обёрии соли 2018-2019 дар ҳавзаи дарёҳои Сирдарё ва Амӯдарё баррасӣ шуд.

Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо ҳудуди истифодаи обии кишвар ва реҷаи пешбинишудаи силсилаобанборҳо дар давраи обёрии соли 2019 дар ҳавзаи дарёҳои Сирдарё ва Амӯдарё тасдиқ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати хоҷагии оби Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, Ӯзбекистону Қазоқистон реҷаи пешниҳодшуда аз ҷониби Иттиҳодияи хоҷагиҳои оби “Сирдарё”-ро мувофиқа намуда, дар ҳамин ҳол ҷониби Тоҷикистон ба таъмини гузаштани об аз обанбори “Баҳри тоҷик” (Қайроққум) омодагӣ изҳор намудааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи иштироки аъзо ва мақомоти иҷроияи Комиссия дар таҳияи Барномаи амал оид ба кумак ба кишварҳои ҳавзаи Баҳри Арал низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҷаласаи 77-уми навбатии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили хоҷагии об даҳаи дуюми моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳри Нур-Султон доир мегардад.

Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили хоҷагии об – мақомоти ягонаи хоҷагии оби кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, моҳи феврали соли 1992 таъсис дода шудааст. Идоракунии пурсамари захираҳои об ва дастгирии устувории ҷараёнҳои табиӣ дар обҳои фаромарзӣ аз ҷумлаи вазифаҳои Комиссия муқаррар шудааст. Иттиҳодияи хоҷагиҳои оби “Сирдарё” ва “Амӯдарё” мақомоти иҷроияи Комиссия маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.