Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алматои Қазоқистон 1 май зидди интихоботи президентии пеш аз муҳлат эътирозҳо баргузор шуданд. Пулис даҳҳо иштирокдори роҳпаймоии мухолифонро дар пойтахти Қазоқистон ва Алмато боздошт кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шаҳри Нурсултон ҳудуди даҳ фаъоли боздоштшударо пас аз гуфтугӯ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дубора озод карданд. Тазоҳургарон гуфтаанд, ки то ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо нашаванд, эътирозро қатъ нахоҳанд кард.

Ба назди тазоҳургарон намояндаи додситонии Қазоқистон баромада, таҷаммӯи онҳоро ғайриқонунӣ номид ва хост, пароканда шаванд. Вале эътирозгарон ба роҳпаймоии худ идома доданд.

Дар Алмато фаъолон нахуст дар боғи шаҳр ҷамъ шуда, сипас дар яке аз хиёбонҳои марказӣ роҳпаймоӣ карданд. Пулис онҳоро ба муҳосира гирифта, даҳҳо эътирозгарро боздошт кард. Бино ба хабарҳо, дар эътирозҳои Нурсултон ва Алмато садҳо одам иштирок карданд.

Эътирозгарон сокинони Қазоқистонро ба таҳрими интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон дар рӯзи 9 июн даъват доранд. Онҳо ҳамчунин аз мақомот талаб доранд, ки маҳбусони сиёсӣ ва фаъолони боздоштшударо дар эътирозҳои пешин озод кунанд. Ҳамчунин шиорҳое зидди тағйири номи Остона ба Нурсултон мушоҳида мешавад.

Дар Қазоқистон аз аввали моҳи апрел зидди интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ эътирозҳо идома дорад. Ба гуфтаи онҳо, ин интихобот бидуни рақобати солим ва воқеӣ бо пирӯзии иҷрокунандаи вазифаҳои президент Қосимҷомарт Тоқаев хоҳад анҷомид.

Нурсултон Назарбоев пас аз 30 соли раҳбарӣ 19 марти соли равон аз мақоми президентии Қазоқистон истеъфо дод. Вале ҳанӯз ҳам салоҳиятҳои калидиро дар ихтиёр дорад. Духтари калонии ӯ ба ҷои Тоқаев раиси сенати Қазоқистон таъйин шуд.