Парвози нахустин тариқи хатсайри ҳавоии боркашонии Урумчӣ - маркази маъмурии Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур (Шимолу Ғарби Чин) - ба пойтахти Ӯзбекистон рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 15 июл сурат гирифт.

Ҳавопаймои боркаш бо сарулибос ва маҳсулоти электронии истеҳсоли шаҳрҳои Гуанчжоу (ҷануби Чин) ва Иу (шарқи Чин) аз Урумчӣ соати 16:00 рӯзи душанбе парвоз кард. Хатсайри бозгашт аз Тошканд бо маҳсулоти кишоварзӣ парвоз мекунад, хабар медиҳад CA-News.

Гуфта мешавад, парвозҳо тариқи ин хатсайр 5-7 маротиба дар як ҳафта бо назардошти зарурат анҷом дода мешаванд.

Қаблан барои интиқоли бор аз Чин ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тариқи қатора ё автомашинаи боркаш 12 шабонарӯз вақт сарф мешуд. Пас аз ифтитоҳи хатсайри нави боркашонӣ ин муҳлат то се соат кам мешавад.

Айни замон байни Синтзян ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон 4 хатсайри ҳавоии байнулмилии боркашонӣ амал мекунад, аз ҷумла ҳамчунин ба шаҳрҳои Лежи Белгия, Бишкеки Қирғизистон ва Алмаатои Қазоқистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.