Ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" баъди он ки аз пардохти қарзҳои рӯзафзунаш оҷиз монд, тасмим гирифтааст, 8 ҳавопаймоашро фурӯшад.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, ба иттилои як манбаи огоҳ, ширкат моҳи оянда аз ҷумла ду ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner-ро ба фурӯш мегузорад, ки 250 миллион долларӣ харида шуда буданд.

Ба бовари чанде аз мансабдорон, "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" аз ибтидо фаъолияти тиҷориашро хилофи қоидаҳои бозор ба роҳ монд ва аз ҳамин ҳисоб қарздор шуд.

"Ҳамакнун ширкат 2 ҳавопаймои Boeing 767, ду Boeing 757, ду адад Boeing 767, ки аз ҳавопаймои боркаш ба мусофиркаш табдил шудаанд ва ду Boeing 787-8 Dreamliners-ро барои фурӯш интихоб кардааст", - гуфтааст манбаъ.

Коршиносон мегӯянд, тасмими фурӯши ҳавопаймоҳо ба он маъност, ки ҳам ҳукумат ва ширкат ба натиҷа расиданд, ки бо мусофиркашонӣ наметавонанд, қарзҳои ҷамъшударо пардохт кунанд.

"Дар ҳоли ҳозир то 84% билетҳои ширкат ба фурӯш мераванд. Ин яке аз баландтарин нишондод дар сатҳи ҷаҳон аст. Аммо сарфи назар аз ин, ширкат наметавонад қарзҳояшро пардохт кунад. Воқеан, ки ҳазён аст", - гуфт манбаъ.

Афроди огоҳ мегӯянд, барои харидани ҳавопаймоҳои ширкат аз буҷаи давлат маблағи калон ҷудо шуд. Пушти ин қазия ҳатман фасодкорие сурат гирифтааст.

Ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" давлатӣ буда, вазъи молиаш аз ҷомеа пинҳон нигаҳ дошта мешавад. Ба иттилои огаҳон, даромади солонаи ширкат наздики 800 миллион долларро ташкил медиҳад.

Давлат расман ҳаҷми қарздории ширкатро шарҳ намедиҳад, вале манобеъ мегӯянд, ин қарз аз 2 то 3 миллиард долларро дар бар мегирад.

Ба иттилои сомонаи Flightradar24, "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" дар ҳоли ҳозир 37 ҳавопаймо дар ихтиёр дорад.