Дар гузаргоҳи марзии "Гишткуприк"/"Жибек Жолӣ" - байни Ӯзбекистону Қазоқистон садҳо нақлиёт ҷамъ шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бархе аз шаҳрвандон гуфтаанд, ду рӯз аст, ки наметавонанд, вориди Ӯзбекистон шаванд. Мақомоти Ӯзбекистон сабаби тамбашавии нақлиётро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Хадамоти марзбонии Қазоқистон изҳор доштааст, ки дар тамбашавии нақлиёт даст надорад.

"Ронандаҳо ба кумитаи гумрук занг заданд. Аз кумита гуфтанд, ки ҳодисаро пайгирӣ мекунанд. Масъулоне, ки дар гузаргоҳ навбатдор ҳастанд, бо мо суҳбат намекунанд ва чизеро шарҳ намедиҳанд", - гуфтааст ронандае, ки дар марз дармондааст.

Як ронандаи дигар хабар додааст, ки маҳдудсозии фаъолияти гузаргоҳи марзӣ байни Ӯзбекистону Қазоқистон ба ошкорсозии маводи мухаддир дар мошини се шаҳрванди Тоҷикистон рабт дорад. “Маводи мухаддир рӯзи ҷумъаи гузашта пайдо шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон озими Русия буданд”, - гуфтааст ронанда.

Гуфта мешавад, мақомоти Қазоқистон пайдошавии маводи нашъаоварро тасдиқ кардаанд.

"Рӯзи 20-уми сентябр 12 кг маводи мухаддир аз мошини шаҳрвандони Тоҷикистон пайдо шуд. Ман наметавонам, шахсияти шаҳвардони боздоштшудаи Тоҷикистонро ошкор кунам. Онҳо ҳангоми убур аз марзи Қазоқистон боздошт шуданд. Аммо ман наметавонам тасдиқ кунам, ки пайдосозии маводи мухаддир ба тамбашии мошинҳо дар марз рабт дорад ё на", - гуфтааст намояндаи хадамоти марзбонии Қазоқистон.