Моҳи равон духтарони 9-соларо дар саросари Ӯзбекистон зидди вируси папилломаи инсонӣ (ВПЧ) ваксина мекунанд. Тибқи баъзе маълумот, дар 90%-и ҳолатҳо занон аз ин вирус ба бемории саратони бачадон гирифтор мешаванд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ваксинаи сартосарии духтарони соли таваллудашон 2010, ки дар бештари кишварҳо ихтиёрӣ аст, нигаронӣ ва норозигиеро миёни сокинони Ӯзбекистон ба бор овардааст.

Гуфта мешавад, модари як хонандаи 9-сола аз шаҳри Тошканд гуфт, ахиран ӯро ба ҷаласае дар мактаб даъват карданд, ки дар оноид ба ваксинаи зидди вируси папилломаи инсонӣ хабар дода шуд.

"Онҳо гуфтанд, ки агар ваксинаи мазкурро дар 9-солагӣ гиранд, он дар оянда низ аз касалиҳо пешгирӣ мекунад. Табибон хостанд, ки аз ваксинаи ройгон истифода барем. Зеро агар духтарҳои мо ба синни 10 дароянд, бо пул ҳам онро гирифта наметавонем. Дар хориҷ он 100-200 доллар арзиш доштааст", - гуфтааст ӯ.

Модар изҳор доштааст, ки ба ин пешниҳоди мақомот бо назари шубҳа менигарад. "Агар воқеан ҳам ваксинаи мазкур 100-200 доллар арзиш дошта бошад, пас барои чӣ ҳамаи духтарони соли таваллудашон 2010-ро ройгон мекунанд? Агар он қадар боарзиш бошад, чаро бепул мекунанд? Ман аз он нигаронам, ки духтарони моро "ҳамчун харгӯшҳои озмоишӣ" истифода набаранд. Қарор аст, маъракаи ваксинзанӣ аз 22-юми октябр оғоз шавад ва ҳоло аз мо мехоҳанд, ки розигӣ диҳем", - гуфтааст ӯ.

Муовини пешини вазири тандурустӣ ва раиси кунунии Кумитаи занони Ӯзбекистон Элмира Баситхонова баҳори соли равон хабар дода буд, ки ҳукумати ин кишвар аз ИМА ба маблағи 7 миллион доллар зидди вируси папилломаи инсонӣ ваксинаи нав ворид кардааст. Ӯ афзуд, ки ин ваксинаро ҳамаи духтарони 9-сола хоҳанд гирифт.

Бино ба омори расмӣ, қарор аст, маъракаи гирифтани ваксинаи мазкур дар Ӯзбекистон 21-уми октябри соли равон оғоз шавад ва онро 400 ҳазор духтари 9-сола хоҳанд гирифт.