Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳамсари марзбон Равшан Муминов, ки моҳи сентябр зимни муноқиша дар сарҳад бо Тоҷикистон ҳалок шуд, медали “Эрдик” (Ҷасорат) супурд. Дар ин бора хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад.
Сарвари давлат ба ҳамсари марҳум Муҳайё Муминова ҳамдардӣ изҳор намуда, қайд кард, ки Равшан Муминов баҳри ҳифзи марзҳои кишвар ҷон бохт. Медал пас аз марг барои ҷасорату шуҷоат ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбӣ тақдим шудааст.
Ҳамчунин ба оилаи Муминовҳо (ҳамсари бевамонда, се нафар фарзандон ва модари пираш) барои харидани манзил 2 млн. сом (28,6 ҳазор доллар) маблағ ҷудо шуд.
Муноқишаи охир дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябр бо истифода аз силоҳ рух дод. Дар натиҷа се низомии Тоҷикистон ва як сарбози Қирғизистон ҳалок шуданд. Ҳамчунин аз ду ҷониб сокинони осоишта ҷароҳат бардоштанд. Ғайр аз ин, боз 5 нафар сарбозу афсари Тоҷикистон ҷароҳат гирифта, Вазорати тандурустии Қирғизистон аз 13 нафар захмишудагон хабар дод.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешаванд. Аз оғози соли 2019 дар сарҳади давлатҳо беш аз 10 низоъ, аз ҷумла, бо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста