Адиб ва рӯзноманигори собиқадори тоҷик Додохони Эгамзод рӯзи 5-уми январ бо нашри як Муроҷиатнома аз раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дархост кардааст, ки рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро аз нобудшавӣ наҷот бидиҳад. “Шумо метавонед ин нашрияи таърихиро аз сардиҳои зимистон ба навбаҳори сабзу хуррам расонед”, - навиштааст ӯ.

Боиси ин муроҷиати Додохони Эгамзод изҳороти ҳайати таҳририяи “Овози тоҷик” будааст, ки шоми 31-уми декабри соли 2019 дар саҳифаи фейсбукии он нашр шудааст: “...Ба баҳонаи обуна ихтиёрист, на маҷбурӣ, хавфи пӯшида шудани минбари мову шумо – рӯзномаи наваду панҷсолаи “Овози тоҷик” ба миён омадааст... Бино ба маълумоти дастрасшуда, барои соли 2020 ба рӯзномаи “Овози тоҷик” ҳамагӣ 680 нусха обуна шудаанд, аксарияти он ҳам якмоҳа... То моҳи апрел ин нишондиҳанда ба 420 нусха поин мешавад...”

ASIA-Plus дар зер навиштаи Додохони Эгамзодро бознашр карда, изҳори умедворӣ мекунад, ки вазъи рӯзномаи “Овози тоҷик” дар ояндаи наздик беҳтар мешавад:

МУРОҶИАТНОМАИ АДИБИ ТОҶИК БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ашки шодӣ ва ғам

Аввалин рӯзи навбаҳори соли 2018 басо болидарӯҳ будам. Зеро маҳз бо иродаи нек ва ибтикори башардӯстонаи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев марзи бастаи Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуду ҳазорон ҳазор мардуми ташнаи дидор ба висоли ҳамдигар расиданд. Шодию нишот, бӯсу канор ва ашки шодии пиру барноро дида, дили ҳассос якбора ба ваҷд омаду беихтиëр гиристам… Хушбахтона, он гиря аз хурсандӣ буд. Аммо...
Аввалин рӯзҳои соли 2020 хеле афтодарӯҳ шудам. Зеро номаи пуризтироби ҳайъати таҳририяи рӯзномаи "Овози тоҷик" ба чашмам расиду дил ғарқоби хун гашт ва чанд қатра ашки талх ба рухсора шорид:

ОБУНАИ "ОВОЗИ ТОҶИК" БАРОИ СОЛИ 2020 ҲАМАГӢ 680 НУСХА БУДА, ҲАМАГӢ 140 НУСХАИ ОН СОЛОНА МЕБОШАД. ИН МАЪНОИ ПӮШИДА ШУДАНИ НАШРИЯРО ДОРАД. НАГУЗОРЕД, КИ "ОВОЗИ ТОҶИК" ХОМӮШ ШАВАД!

Чӣ бояд кард?

Аз таҷрибаи панҷоҳсолаи журналистӣ возеҳ медонам, ки обуна ба нашрияи даврӣ мисли обу ҳаво ҳалкунанда асту онро инчунин ба хуни гарме метавон ташбеҳ дод, ки дар шараëни инсон ҷорист. Яъне, агар хун беҳад кам бошад, марг ногузир аст!

Аз андешаҳои гаронбор оромиву осоиш ва эҷодкорӣ як сӯ монд. Чунки бо тамоми вуҷуд ба ҳамкасбони паршикастаи худ кумак расондан мехостам. Вале замин сахту осмон баланд ва даст кӯтоҳ буд...

Ҳидояти Бузургвор

Мо – адибон дар чунин лаҳзаҳои басо душвор ва сарнавиштсоз, одатан, аввал аз Худои меҳрубон мадад мепурсему сипас бузургворонро ба кумак мехонем. Ман Ҳазрати Хизрро ëд кардаму ягона роҳи ҳалли мушкилтарин масъала – аз нобудшавӣ наҷот додани газетаи "Овози тоҷик" дарҳол пайдо шуд: худ аз худ чеҳраи нуронии садри аввалмақоми Ӯзбекистон Шавкат Мирзиëев пеши назарам намудор гардид!

Ва бе ягон дудилагӣ қарор додам, ки дар чунин лаҳзаи тақдирсоз ва тақдирсӯз маҳз ба ин Бузургмард бо дили пурмеҳр мушаххасан муроҷиат намоям. Зеро иқдоми таърихии Ӯ – бо як нафаси гарм об кардани пиряхи бистсола ва умри дубора бахшидан ба дӯстию бародарии тоҷикону ӯзбекон намунаи олии родмардӣ асту маро ба ояндаи хуб дилпур гардонд. Дарҳол қалам ба даст гирифтам…

Номаи меҳрубонӣ

Шавкат Мирзиëеви гиромиқадр, ду сол муқаддам Шумо бо пиндори нек ва амали хайр дари бастаро кушода, ду маънии бузургро исбот кардед:

1. Ҳақиқатан ҳам асилзода ва бузургвори қудратманд, яъне ШАВКАТ мебошед.

2. Ҳақиқатан ҳам пури МИРЗИË, яъне сарвари нурбахш ва равшанзамир мебошед. Ҳолиë бо чашмони мушоҳидакори журналистӣ холисона мебинам, ки эътибор ва қадру қимати Шумо рӯз то рӯз афзун гашта, беш аз пеш соҳиби бартарӣ ва фазилати олӣ мешавед. Ин подоши дӯсткориҳои Шумост.

Худ хуб медонед, ки обуна ба газетаи "Овози тоҷик" масъалаи хурд ë дуюмдараҷа нест. Онҳое, ки миқдори обунаи имсоларо ба ҳадди нестӣ расондаанд, бадният ва дилсиëҳанд. Ба пиндори ман, онҳо душмани дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбеканд. Вале алҳол тақдири онҳоро ба Худо ҳавола карда, холисона ва беғаразона ба Шумо муроҷиат менамоям. Саҳеҳтараш, ба ҳайси як адиби тоҷик аз Шумо илтимос ва ба ҳайси як журналисти тоҷик аз Шумо илтиҷо менамоям, ки газетаи "Овози тоҷик"-ро аз нобудшавӣ наҷот диҳед. Ба ин нашрияи азизи ҳамагон Отахон шуда, бо шафқати падарона онро аз роҳи баста берун кашед ва лутфан ба шоҳроҳи камолот гузоред. Зеро фақат Шумо метавонед ин нашрияи таърихиро аз сардиҳои зимистон наҷот дода, ба навбаҳори сабзу хуррам расонед.

Ба Шумо тавфиқ мехоҳам. Бо дуои пирони кор ва қаламкашони асили тоҷику ӯзбек сарсабзу сарбаланд ва сиҳату саломат бошед.

Бо эҳтироми рӯзафзун Додохони Эгамзод, адиб ва рӯзноманигори тоҷик.
шаҳри Хуҷанд, 05’01’2020

Ба ҷойи охирсухан

Ин муроҷиатномаи шахсии як адиб ва рӯзноманигори собиқадори тоҷик аст. Агар саҳву хатое дошта бошад, пешопеш узр мепурсад. Вале бовар дорад, ки ҳамфикру ҷонибдоронаш хоми ӯро пухта мегардонанд.

Аз ҳамкасбони гиромӣ Адаш Истади Самарқандӣ, Марямбонуи Сӯхӣ, Мирасрори Фарғонӣ, Фарҳод Абдувализодаи Хуҷандӣ ва дигар дӯстони арҷманд эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки мағзи талхро аз пӯст бароварда, ин навиштаро ба забони ӯзбекӣ тарҷумаю ҳар чӣ бештар расонавӣ намоянд, то замзамаи сӯзу гудози қаламкаши дилдӯзи Ворухӣ самари ширин орад, дурри мақсуд ба каф ояд ва ҷаридаи “Овози тоҷик” аз варта наҷот ëбад…

ДАР ЗЕР БОЗНАШРИ ИН МУРОҶИАТНОМА БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ

Тожик ёзувчиси Додохон Эгамзоднинг Ӯзбекистон президенти ҳурматли Шавкат Мирзиёевга ёзган мурожиатномаси

Қувонч ва қайғу кӯз ёшлари

2018 йил баҳорининг илк кунида қалбим қувончга лиммолим эди. Зеро Ӯзбекистон Жумҳуриятининг эзгу ниятли президенти ҳурматли Шавкат Мирзиëевнинг ташаббуслари билан Тожикистону Ӯзбекистоннинг ёпиқ чегаралари очиқ деб эълон қилинди ва минглаб дийдорга чанқоқ инсонлар дийдор кӯришдилар. Пиру барнонинг шодликка тӯла чеҳралари, бир-бирининг оғушига интилишлари, қувончдан кӯзёш тӯкишларини кӯриб, кунглим тӯлқинланиб, беихтиёр йиғлаб юбордим. Чунки уша заҳоти ниҳоятда хурсанд эдим, тӯккан кӯз ёшларим қувонч кӯз ёшлари эди. Аммо...
2020 йилнинг дастлабки кунлари менинг қалбимга ғам соя ташлади. Зеро “Овози тожик” таҳририяти ҳайъатининг изтироб ила қилган ушбу мурожиатномаларига кӯзим тушдию юрагим қон ғарқобига айланди ва ёноқларим кӯз ёш томчиларидан нам олди:

“2020 ЙИЛ УЧУН "ОВОЗИ ТОЖИК " ГАЗЕТАСИГА ҲАММАСИ БӮЛИБ 680 НУСХАГА ОБУНА БӮЛИШГАН КИМ, БУНДАН АТИГИ 140 НУСХАСИ ЙИЛЛИК ОБУНАДИР. БУ ЭСА, МАЗКУР ГАЗЕТАНИНГ ЁПИЛИШИ АНИҚЛИГИНИНГ МАЪНИСИНИ АНГЛАТАДИ! "ОВОЗИ ТОЖИК "-НИ МАҲВ БӮЛИШИГА ЙӮЛ ҚӮЙМАНГЛАР!”

Нима қилмоқ керак?

Ярим асрлик журналистик тажрибамдан яхши биламанки, газета ва журналлар учун обуна об-ҳаво каби зарурдир. Одатда обунани инсон шоҳтомиридаги иссиқ қонга ташбиҳ қиладилар. Яъни, агар қон ҳаддан ташқари озайса, инсон жисми ӯлимга маҳкумдир!

Оғир фикру андишадан оромимни қӯлдан бердим, ижоддан ҳам қолдим. Чунки ночор қолган ҳамкасбларимга ёрдам беришни истасам-да, иложим йӯқ...

Бузургвор ҳидояти

Одатда биз – адиблар бундай ноилож ҳолатлар ва тақдирсоз дамларда аввал меҳрубон Аллоҳдан мадад сӯраб, сӯнгра бузургворлардан кӯмак истаймиз. Мен Ҳазрати Хизрни кӯз олдимга келтирдим ва шу лаҳза энг мушкил масъала – "Овози тожик" газетасини нобуд бӯлишдан ягона қутқариш йӯли гӯё пайдо бӯлди: ӯз ӯзидан кӯз олдимда Ӯзбекистоннинг аввалмақом раҳбарининг нуроний ва самимий чеҳраси ҳувайдо бӯлди! Ва иккилланмай бир қарорга келдим: ушбу тақдирсоз ва тақдирсӯз онларда албатта шахсан улуғвор инсон Шавкат Мирзиëевга мурожиат этаман!

Ахир, бу марди майдон ӯзларини илиқ нафаслари билан йигирма йиллик ёвуз музлатғични эритиб, тожику ӯзбек миллатлари дӯстлигига иккинчи умр бағишлаганлари мардликни олий намунаси эмасми! Бас шундай экан, мен масъалани осон ечилишига қаттиқ ишона туриб, қӯлимга қалам олдим...

Меҳрга тула нома

Қадрли Шавкат Мирзиëев, икки йил муқаддам Сиз яхши ният билан ёпиқ дарвозани очиб, иккита улкан маънони англатувчи фикрни субутга етказган эдингиз:

1. Ҳақиқатан ҳам асилзода ва кучли бузургвор, яъни, ШАВКАТдирсиз.

2. Ҳақиқатан ҳам МИРЗИË фарзанди, яъне, нурбахш сарвар ва равшанзамир инсонсиз.

Ҳозир мен воқеиятга бир журналистнинг мушоҳидакор назари билан холисона қарар эканман, ишонч билан айта оламан ки, Сизнинг обрӯ ва қадру қийматингиз кундан кунга ошиб, олий фазилатларга эга бӯлмоқдасиз. Бу эса, Сизнинг инсонсевар эканлигингиз натижасидир.

Сиз яхши биласизким, "Овози тожик" газетасининг масъаласи арзимас ë иккинчи даражали мушкилот эмас. Бу йилги обуна миқдорини ниҳоят паст даражага тушириб қӯйган кишиларнинг ниятлари соф эмас, улар тожику ӯзбек миллатларининг дӯстлигини кӯра ололмайдиган қора қузғунлардир. Аммо мен ҳозир улар тақдирини Худога ҳавола қилар эканман, холисанлиллаҳ Сизга мурожаат этаман. Аниқроғи, бир тожик ёзувчиси ва журналисти сифатида Сиздан илтимос қиламанки, "Овози тожик" газетасини нобуд бӯлишдан қутқаринг. Ҳамма учун азиз бӯлган бу нашрияга Отахон бӯлиб, оталарча меҳру шафқат кӯрсатинг, лутф айланг ва уни боши берк кӯчадан шоҳроҳ томон етакланг. Зеро фақат Сиз бу таърихий газетани изғиринли замистондан ям-яшил навбаҳорга етказа олиш қудратига эгасиз.

Сизга тавфиқ ёр бӯлишини хоҳлайман. Илоҳим пирони кор ва тожику ӯзбек миллатларининг асил қаламкашлари дуолари билан сарсабз, сарбаланд ва соғ-саломат бӯлинг, деб, эҳтиром билан Додохон Эгамзод.

Хуҷанд шаҳри
05.01.2020

(Тарҷимаи Марямбонуи Фарғонӣ)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.