Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видео нашр шуд, ки дар он масанбдорони ӯзбек мустақиман ҳангоми машварат рӯйи мизҳо машқи ҷисмонӣ мекунанд.

Хабаргузории Сentralasia.media менависад, тавре аз навор бармеояд, ин машқ тарҳрезишуда аст, зеро машқҳоро ба мансабдорон шахсе бо сарулибоси варзишӣ нишон медиҳад.

Чанд сол пеш ҳукумати шаҳри Тошканд оид ба баргузории машқи пагоҳирӯзии ҷисмонии дастаҷамъона дар шаҳр иқдом роҳандозӣ намуд.

Он замон ҳокимияти Тошканд ва Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳр аз ҳамаи вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳо даъват карданд, ки таҷрибаи баргузории “Рӯзи варзиш ва солимӣ”-ро амалӣ кунанд.

Дар доираи ин чорабинӣ бо назардошти синну сол ва шавқу завқ, таъмини ҳамаи кормандон бо асбобу лавозимоти варзишӣ пешбинӣ гардида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.