Пулиси шаҳри Бишкек дар пайи тазоҳуроти ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонӣ Содир Жапаров 166 нафарро боздошт кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, 162 нафари онҳо дертар озод ва 4 каси боқӣ ба ҳабс гирифта шудаанд. Дар робита ба бетартибии оммавӣ, ки тазоҳуроти ҷонибдорони Жапаров бо он анҷомид, тафтишот оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки 3 март яке аз созмондиҳандагони тазоҳурот, вакили пешини порлумон Канибек Осмоналиев ва иштирокчии фаъол Д.А боздошт шудаанд. Онҳо ба "қасди ғасби ҳукумат аз роҳи хушунатомез" айбдор мешаванд.

Ба гуфтаи пулиси Бишкек, гӯиё дар натиҷаи тазоҳуроти ҷонибдорони Жапаров, ки ба бетартибии оммавӣ печид, 24 корманди пулис захмҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ҷонибдорони вакили пешини порлумони Қирғизистон Содир Жапаров 2 март бо талаби раҳоии вай аз зиндон дар майдони марказии шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Дар гирдиҳамоӣ на танҳо озодии Жапаров, балки ислоҳоти додгоҳӣ, қатъи таъқибҳои сиёсӣ, ҳалли масоили марзӣ, мушкили қарздорони бонкҳо низ талаб шуданд.

Ҳамчунин аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков хоста шуд, ки мавқеашро дар мавриди афви Содир Жапаров мушаххас кунад. "780 ҳазор одам талаби афви Жапаровро карданд", - гуфт яке аз ҷонибдорони сиёсатмадори зиндонии қирғиз.

Содир Жапаров соли 2018 барои ташкили гаравгонгирии раиси вилояти Иссиқкӯл Эмилбек Каптагаев дар соли 2013, 11,5 сол зиндонӣ шуд. Моҳи майи соли ҷорӣ вакилони мудофеи Жапаров аз додгоҳ хостанд, ӯро авф кунад, лекин додгоҳ ин дархостро рад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.