Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон фатвои хондани намозро дар моҳи Рамазон, дар давраи вабои вируси корона, содир кард: дар масҷидҳо адои намоз манъ ва Қуръонро мешавад, тариқи интернет хонду гӯш кард.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, дар хабари рӯзи 13 апрел дар сомонаи Идораи мусалмонҳои Ӯзбекистон нашршуда қайд мешавад, ин мавзуъро бо Идораи маънавии мусалмонҳои Қазоқистону Қирғизистон баррасӣ ва фатвои муштарак содир кардаанд.

Гуфта мешавад, аз мусалмонҳои Ӯзбекистон даъват шудааст, ки бо ҳадафи риояи карантин амалҳои зерро анҷом диҳанд:

* адои намоз ва қироати Қуръонро дар хона анҷом диҳанд (қироати Қуръон ҳамзамон тариқи Интернет ба роҳ монда мешавад);

* ифтор ташкил накунанд ва харҷи ифторро ба корҳои хайрия сарф намоянд.

Зимнан зикр мегардад, ки барномаҳои Рамазонӣ пайваста тариқи телевизион ва интернет пахш хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.