Мақомоти Туркманистон андешидани тадбирҳо барои ошкор кардани мубталоёни коронавирусро идома медиҳанд.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, дар тамоми роҳу даромадгоҳи шаҳрҳо, истгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳарорати сокинон санҷида шуда, дар боғчаву мактабҳо аз кӯдакон барои коронавирус озмоиш мегиранд.

Гуфта мешавад, мақомоти туркман натиҷаҳои озмоишро ҳанӯз ҳам пинҳон мекунанд. Ба ҷуз ин, сокинонро маҷбур менамоянд, ки харҷи мубориза бо коронавирусро пардохт кунанд.

Кормандони пулис вазифадор шудаанд, ки аз ҳисоби худ дастгоҳи ҳароратсанҷро бо арзиши 300 манат бихаранд.

Ҳамчунин омӯзгорони мактабҳои Ишқобод вазифадор шудаанд, ки барои хариди дору пул ҷамъ кунанд ва донишомӯзон низ аз хонаҳо ба мактаб маҳлули безараргардонӣ мебаранд.

Интизор меравад, маҳдудияти сафар миёни вилоятҳои Туркманистон аз 16 апрел камтар шавад. Сокинони ин кишвар дар пайи пурзӯр шудани назорат ҳангоми равуо ва дарёфти иҷозатнома бо мушкилиҳо рӯбарӯ шудаанд.

Дар Туркманистон охирҳои моҳи март қоидаи наве қабул шуд, ки бар асоси он сокинон танҳо дар асоси иҷозатномаи махсус ва маълумотномаи тиббӣ дар бораи мубтало набудан ба коронавирус метавонанд аз як минтақа ба минтақаи дигар сафар кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.