Додгоҳи низомии Ӯзбекистон 25 май сардори пешини Институти пажӯҳишҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти ин кишвар Рафиқ Сайфулини 61-соларо бо ҷурми "хиёнат ба давлат" 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора ҳуқуқшиносе аз шаҳри Тошканд хабар додааст, ки дар мурофиаҳои пушти дарҳои бастаи Сайфулин бевосита иштирок дошт.

Ҳукми додгоҳ 25 май дар мурофиаи пӯшида эълом шуда, Сайфулин қисман гуноҳро ба гардан гирифтааст. "Ӯ эътироф кард, ки хулосаҳои таҳлилиро ба нафъи Русия додааст, вале ба касе маълумот ё санади махфиро ифшо накардааст", - афзудааст ҳуқуқшинос.

Гуфта мешавад, як мақоми баландпояи мақомоти умури дохилии Ӯзбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, додгоҳ Сайфулинро дар "ҷосусӣ ба нафъи Русия" ва ифшои сирри давлатӣ" айбдор донист.

Сайфулин, ки фаъолияти кориро дар Кумитаи амният оғоз кардааст, дар гузашта дар Кумитаи давлатии пешгӯӣ ва омори Девони вазирони Ӯзбекистон кор кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ӯ яке аз шахсони наздики раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Рустам Иноятов аст. Сайфулин дар таҳлилҳои худ борҳо қайд карда, ки Ӯзбекистон бояд аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо дур ва ба Русия наздик шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.