Як сокини ноҳияи Юнусободи Тошканд сарфи назар аз эълом шудани карантин дар робита ба коронавирус, ду тӯй баргузор кардааст.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, дар натиҷаи ҷашн, ки чор рӯз давом кард, яке аз арӯсон ва 12 меҳмон ба коронавирус мубтало шудаанд. Ҳамчунин садҳо нафаре, ки бо мубталоён тамос ё ба тӯйҳо рабте доштанд, санҷиши коронавирус супурданд ва ба карантин гирифта шуданд.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин ҳодиса санҷиши эпидемиологӣ идома дорад.

Дар Ӯзбекистон ба иллати коронавирус аз 8 май карантин эълом шуд. Минтақаҳо ба рангҳо "сурх" (хатарноктарин), "зард" ва "сабз" (амнтар) тақсим гаштанд. Баргузории тӯйҳо танҳо дар минтақаҳои "сабз" ва бо иштироки на бештар аз 30 кас иҷозат дода шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.