Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов писари 39-солаи худ Сардор Бердимуҳаамедовро ноиби сарвазири кишвар ва раиси Палатаи олии назорат (мақомоти давлатии назорати масоили молиявӣ-иқтисодӣ) таъин карда, инчунин ӯро ба ҳайати Шӯрои давлатии амнияти Туркманистон дохил намуд, хабар медиҳад РБК.

Барои ин сарвари давлат шумори муовинони роҳбари ҳукуматро зиёд кард. Мувофиқи қарор, ин мансаб “бо мақсади такмили минбаъдаи кори Шӯрои вазирон ва Шӯрои давлатии амният, инчунин тақвияти назорат аз болои моликияти давлатӣ, аз ҷумла истифодаи мақсадноки воситаҳои молиявӣ ва иҷозати гузаронидани амалиёт бо онҳо тибқи қонунгузорӣ” ҷорӣ шуд.

Сардор Бердимуҳаммедов
Сурат аз торнамои gossovet.tatarstan.ru

Ҳамчунин президент хабар дод, ки ҳалли масоили рақамигардонӣ ва ҷорисозии технологияҳои инноватсионӣ дар низоми сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, соҳаҳои тандурустиву маориф ва бахшҳои иқтисоду молия низ ба дӯши ноиби нави сарвазир вогузор мегардад.

Қаблан аз 7 феврали соли 2020 Сардор Бердимуҳаммедов вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмони Туркманистонро ишғол мекард. Ба мансаби холишудаи ӯ Баймират Аннамамедов таъин шуд, ки то ин дам ба ҳайси муовини роҳбари ин вазорат фаъолият дошт.

Худи Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов 63 сол дошта, аз соли 2007 президенти Туркманистон аст. Пеш аз ин мансаби сарвари давлати Туркманистонро аз соли 1991 Сафарммурод Ниёзов ба дӯш дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.