Аз 19 то 22 майи соли равон дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон доир мегардад. Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон соати 17:30 дар кинотеатри маҷмааи “Кохи Наврӯз” баргузор мешавад. Дар ин бора ба Азия Плюс Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси "Тоҷикфилм" хабар дод.
Ба гуфтаи Раҳматуллоев мақсад аз баргузории Рӯзҳои кинои Узбекистон дар шаҳри Душанбе рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ бо кишвари дӯсту ҳамҷавори Ӯзбекистон дар соҳаи синамо мебошад.
Ҳамчунин Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба "Азия Плюс" гуфт, ки дар моҳи июни солӣ ҷорӣ дар доираи сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузории маҳфилҳои «Шоми дӯстӣ» миёни ду кишвар дар назар аст, ки дар ин ҳайати ҳунармандони Узбекистон ба Тоҷикистон меоянд ва аз Тоҷикистон ба Узбекистон мераванд.
Дар назар аст зимни баргузории ин ҳамоиш 3 филми ҳунарии «Илҳоқ», «Исёни арӯсон» ва «Хобҳои беранг», 3 филми мустанади «Посдори иттиҳод», «Қалби мардум», «Зери самои ягона» ва як филми тасвирии «Сандуқи сеҳрнок», ки маҳсули эҷоди синамогарони ин кишвар мебошанд, барои ҳаводорон пешниҳод шавад.
Намоиши филмҳо дар кинотеатрҳои ба номи Тоҳир Собиров ва «Зебуннисо» сурат мегирад ва тамошо ройгон мебошад.
Дар назар аст, ки дар рӯзи охири чорабинӣ байни Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва Агентии миллии “Ӯзбеккино” ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста