Раиси созмони иҷтимоию фарҳанги ва сиёсии точикони Самарқанд Азиза Юсуфӣ, бародарзодаи шоири хушноми тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ даргузашт. Дар ин бора Ҳаким Рабимпур яке аз фаъолони ҳаракати худшиносии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва аз ёрони ҳамфикру ҳамгоми бону Юсуфӣ дар саҳфаи фейсбукяш хабар додааст.
Раббимпур аз Юсуфӣ ба унвони "ҳамсангари фаъолияти бедорӣ ва ҳуввиятшиносии миллатам, Раиси созмони иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии точикон "Самарқанд" ном бурдааст.
Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки "муаллима нахустин ровии бахши тоҷикии радиои вилоят (Самарқанд - АП) будандд. Аз соли 1991 дар мушкилтарин ҳолатҳои фаъолияти ҷамияти тоҷикони Самарқанд ва кишварамон, раиси созмонамон буданд. Аз минбарҳои баланди кишварамон, Тоҷикистон, созмонҳои ҳуқуқи башар, манфиатҳои миллатро дифоъ кардаанд, ки ҳеҷ аз ёди рушанфикрони бедор намебарояд".
Азиза Юсуфӣ, соли 1944 дар ноҳияи Сиёби шаҳри Самарқанд, дар оилаи зиёӣ таваллуд шуда буд. Баъди хатми мактаби миёна, бахши тоҷикии риштаи забону адабиёти донишгоҳи Самарқандро хатм карданд. Баъдан дар донишкадаи омӯзгории муаллимони Самарқанд ба унвони омӯзгор ва дар мақомҳои раҳбарӣ кор кард буд.
Раббимпур гуфтааст, ки "ҳоло садҳо шогирдонашон дар гӯшаи беканори кишварамон ва берун аз он фаъолият мекунанд".
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста