Аскар Акаев “барои ҳамкорӣ ва кӯмак” ба тафтиши парвандаи “Кумтор” ба Бишкек омад. Дар ин бора рӯзи 2 август худи президенти собиқи Қирғизистон пас аз бозпурсӣ дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) ҷумҳурӣ ба журналистон изҳори назар кард, иттилоъ медиҳад хабаргузории “Фергана”.
«Шумо медонед, ки нисбати ман дар бораи “Кумтор” даъвоҳо мавҷуданд. Дар ин ҷо, дар КДАМ маро бо меҳрубонӣ пазируфтанд. Муносибати хеле бодиққат. Табиист, ки саволҳо ҳастанд. Имрӯз аввалин бозпурсӣ буд. Ман ба саволҳо ҷавоб додам. Ман омадам, ки ба шумо ошкоро ва самимона бигӯям, ки чӣ тавр Кумторро сохтем ва барои чӣ. Ба чӣ гуна хатогиҳо роҳ дода шуд. Тафтишот идома хоҳад ёфт. Вохӯриҳо ҳам идома меёбанд ”, - гуфтааст Акаев.
Президенти собиқ иқрор шуд, ки "бо тафтишот ба муомилот пардохта”, ба муддати як ҳафта ба Қирғизистон омадааст, аммо аз посух додан ба савол дар бораи бо кадом шартҳо ба омадан розӣ шуданаш ва бо кафолати кӣ барои ба ҳабс нагирифтанаш худдорӣ варзид.
Ҳамзамон, ӯ ба Садир Жапаров барои имкони аз ватан боздид намудан изҳори сипос карда, гуфтааст, ки бо расидан ба ин ҷо бо ӯ дар қароргоҳи президент мулоқот кардааст. Сипас Акаев барои бозпурсӣ ба КДАМ рафта, роҳбари ин ниҳод Қамчибек Тошиев низ ба он ҷо ҳозир шудааст.
Аскар Акаев яке аз айбдоршавандагон дар парвандаи ҷиноии коррупсия дар татбиқи лоиҳаи коркарди кони тиллои “Кумтор” аст, ки дар замони ҳукмронии ӯ оғоз шуда буд.
Раисҷумҳури пешин дар суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ зимни имзои созишнома бо ширкати “Камеко”-и Канада гумонбар дониста мешавад. Дар КДАМ хабар додаанд, ки Акаев дар пайгард буда, ӯро барои бозпурсӣ аз Маскав "ба ватан овардаанд”. Аммо, ба гуфтаи сиёсатмадор Феликс Кулов, сарвари пешини давлат бо хоҳиши худ омадааст.
Аввалин президенти Қирғизистон Аскар Акаев соли 2005, замони рух додани инқилоб ва сари қудрат омадани Қурманбек Боқиев, бо оилааш аз кишвар фирор кард. Пас аз дарёфти паноҳандагӣ дар Русия, ӯ ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар Маскав машғул шуд. Нисбати аъзои оилаи Акаевҳо даҳҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Моҳи ноябри соли 2020 додситони кулли Қирғизистон Қурманқул Зулушев изҳор дошт, ки мақомоти прокуратура гуфтушунидҳоро дар мавриди истирдоди ду президенти пешини Қирғизистон - Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев идома медиҳанд. Охирин ҳоло дар Беларус зиндагӣ мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.