Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Марат Имонқулов, дар як мизи мудаввар дар Бишкек, изҳор доштааст, ки Қирғизистон нахсутин шуда марзҳояшро бо Тоҷикистон набастааст, балки иқдоми ҷавобӣ гирифтааст.
Хабаргузории 24.kg бо нашри ин хабар, аз қавли Марат Имонқулов овардааст, ки бо ҳал шудани масоили марзӣ, дубора марз бо Тоҷикистон боз мешавад.
Тоҷикистон то кунун ба ин изҳороти Имонқулов вокуниши расмӣ накардааст.
Аммо Имонқулов нагуфтааст, ки иқдоми ҷавобии онҳо, посух ба марзбандии ҷониби Тоҷикистон будааст ё иқдомҳои дигари Тоҷикистон. Ин иддаои котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон марзбандии Қирғизистонро яктарафа ва "бидуни огоҳии пешакӣ" номида буд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми майи соли ҷорӣ, пас аз панҷ рӯзи комилан бастани марзи давлати аз сӯйи Қирғизистон, дар як изҳорот, гуфт қарори Девони вазирони Қирғизистон “бидуни огоҳии пешакӣ қабул шуд”.
Бояд гуфт, ки Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон аз 21 майи соли 2021, бар пайи даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои 28-29-уми апрели имсол, марзашро комилан бар рӯйи Тоҷикистон баст.
Дар робита ба қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороташ гуфта буд, ки ин қарор "Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳишманд аст, ки аз ҳама гуна сафар ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ё убури транзитӣ ба кишварҳои дигар тариқи қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон худдорӣ намоянд".
Вазорат ҳамчунин аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор тавассути ҳамаи навъҳои нақлиёт сару кор доштанд, хоста буд, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон истифода накунанд ва масирҳои дигарро тавассути кишварҳои сеюм ба кор баранд.
Имонқулов ҳамчунин, мисли изҳороти мақомҳои пешини Қирғизистон гуфтааст, ки марз замоне боз мешавад, ки масоили сарҳадӣ ҳал шаванд.
«Ҳоло мо дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ дар мавриди таъину аломатгузории сарҳади давлатӣ ҳамкории зич дорем. Ҳамзамон маълум аст, ки сарони кишварҳои мо мулоқот доир намуда, мушкилоти марзиро баррасӣ карданд. Вақте ки масъалаҳои марз ҳал мешаванд, сарҳадҳо бояд кушода шаванд”, -гуфтааст ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста