Талант Мамитов намояндаи ҳизби "Интимак" ва аз ҳамнишинони наздики раисҷумҳури Қирғизистон раиси нави порлумони ин кишвар интихоб шуд. Вакилони даъвати VII порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи аввали худмамитовро бо 63 раъйи мувофиқ раиси худ баргузиданд.
Мамитов аз ин пеш ҳам барои давраи кӯтоҳе раиси порлумони Қирғизистон буд. Дар баробари Мамитов, раиси Ҳизби "Бутун Қирғизистон", Адахан Мадумаров ҳам барои раёсати порлмуон номзад буд, вале бо касби ҳамагӣ 10 раъй шикаст хӯрд.
Талант Мамитов дар порлумони пешин аз ҳизби "Республика - Ата-Журт" вакил буд. Вай дар ибтидои моҳи ноябри соли 2020 - баъди ҳаводиси октябрии Қирғизистон ва истеъфои Сооронбой Ҷеенбеков аз мақоми президентӣ - раиси порлумон интихоб шуда буд. Аз 14 ноябри соли 2020 то 28 январи соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон буд.
Талант Мамитов аз афроди наздики президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба ҳисоб меравад. Дар соли 2010 Мамитов, Ҷабборов ва раиси кунунии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев аз ҳизби "Ата Журт" вакил интихоб шуда буданд. Дар соли 2012 ҳар се ҳамроҳ боздошт шуданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста