Мувофиқи қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус, дар Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба ин кишвар тағйр дода мешаванд, хабар медиҳад kun.uz.

Нашрия зикр мекунад, ки аз 15 январи соли равон тартиби зерин ҷорӣ мешавад:

- шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ меоянд, бояд ПСР-тести манфии сироят аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 48 соат то расидан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шудааст;

- дар сурати надоштани ПСР-тести манфии сироят аз коронавирус, супурдани экспресс-тест дар фурудгоҳ, вокзал ва гузаргоҳҳо дар марз талаб карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2021 низ мақомоти Ӯзбекистон талаботи марбут ба карантинро барои шаҳрвандони як қатор кишварҳои хориҷӣ сангинтар карда буданд.

Он замон шаҳрвандони ба Ӯзбекистон аз хориҷи воридмешуда уҳдадор шуда буданд, ки бояд бо худ гувоҳнома (сертификат) бо натиҷаи манфии ПСР-тест ба сирояти коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони расидан дода шудааст.

Ғайр аз ин, мусофироне, ки ба қаламрави Ӯзбекистон аз Австралия, Австрия, Белгия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Исроил, Италия, Нидерланд, Чехия ва Миср ворид мешаванд, бояд ба муддати 10 рӯз бо карантин фаро гирифта шаванд ё 10 рӯзро аз ҳисоби худ дар меҳмонхона гузаронанд.

Дар Ӯзбекистон штамми нави коронавирус - “Омикрон” сабт шуд. Вирус рӯзи 7 январ дар шаҳрванде, ки аз хориҷи ба Ӯзбекистон омада буд, ошкор шуд. Тавре ки gazeta.uz менависад, дар ин бора рӯзи якшанбе Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар додааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.