Имрӯз, 25 январ соати 10:57 дақиқа бар асари садамаи бузург дар шабакаҳои барқии Қазоқистон интиқоли барқ ба шаҳрҳои Алмато, Чимкент, Тарас, Туркистон (вилоятҳо) ва ноҳияҳои гирду атрофи онҳо қатъ шуд, хабар медиҳад Телеграм-канали Podrobno.uz.
Дар натиҷаи садама шабакаи барқи Ӯзбекистон, ки ба Шабакаи ягонаи барқӣ пайваст мебошад, осеб дид.
Интиқоли барқ ба вилоятҳои Фарғона ва Тошканд, водии Фарғона, вилоятҳои Сирдарё, Самарқанд, Навоӣ ва Қашқадарё қатъ шуд.
Айни замон ҷиҳати алоҳида ба кор даровардани ҳар кадоме аз Марказҳои барқу гармидиҳӣ тадбирҳо рӯйи даст гирифта шуда, интиқоли барқ ба шаҳрҳо давра ба давра барқарор мешавад.
Дар фурудгоҳҳои Тошканд, Намангон, Андиҷон, Фарғона, Тирмиз, Қаршӣ, Ургенҷ, Бухоро, Нуқус ва Самарқанд мушкилоти таъминот бо барқ рӯйи кор омадааст. Пас аз анҷоми таъмир дар шабакаҳои барқ фурудгоҳҳо корашонро барқарор мекунанд.
Дар низоми энергетикии Қирғизистон, аз ҷумла шаҳрҳои Бишкеку Ӯш ва дигар шаҳрҳо низ мушкилоти интиқоли барқ ба мушоҳида мерасад.
Доир ба сабабҳои садамаи бузургмиқёс дар шабакаҳои барқӣ мақомоти Қазоқистон ва Ӯзбекистон назари ягона надоранд.
Дар Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон изҳор намуданд, ки қатъи интиқоли барқ дар Осиёи Мрказӣ бо сабаби садама дар қаламрави Қазоқистон ба амал омадааст. Дар Вазорати энергетикаи Қазоқистон бошад, сабабро дар низомҳои энергетикии Ӯзбекистону Қирғизистон мебинанд, ки иқтидор барои транзити барқ босуръат афзоиш ёфтааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Вакил Миронов ихроҷи муҳоҷирони тариқи пора ҳузурашон қонунишударо пешниҳод намуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
“Ба ватан баргаштем, аммо ҷуброни зарар мехоҳем”. Чанде аз зоирони дар Арабистони Саудӣ дармонда ба Тоҷикистон баргаштаанд
Мақомоти Эрон сабаби таркиш дар бандари “Шаҳид Раҷоӣ”, ки боиси ҳалокати 70 кас шуд, гуфтанд
Қирғизистон марзи худ бо Тоҷикистонро симхор мекашад
“Олам - гулистон”. Омори ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна ҳисоб карда мешавад?
Оби Осиёи Марказӣ. Сокинони минтақаро чӣ интизор хоҳад буд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста