Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро ба ҳайси шоҳиди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 дар Додситонии кулли он кишвар бозпурсӣ мекунанд. Дар ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 Тошиев дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳузур дошт ва тирамоҳи он сол вакили порлумон интихоб шуд.

Як сол пеш Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз дубора фаъол шудани таҳқиқи парвандаи ҷиноии марбут ба ҳаводиси моҳи июни соли 2010 хабар дода буд. Парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақоми хизматӣ" нисбати масъулони Ҳукумати муваққатӣ боз шудааст. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, масъулони ҳукумати муваққат иҷоза дода буданд, ки Қодирҷон Батиров, яке аз сабабгорони ҳодисаҳои хунини моҳҳои май-июни соли 2010 аз Қирғизистон фирор кунад.

Расонаҳои Қирғизистон ҳамчунин хабар доданд, ки президенти он кишвар Содир Ҷабборов ба мақомоти махсуси Қирғизистон дастури эҳёи дубораи парвандаи бетартибиҳои соли 2010-ро додааст. Дар низоъи қавмии соли 2010 дар вилоятҳои Ӯш ва Ҷалолободи Қирғизистон бештар аз 400 кас кушта шуда буд.

Низоъи моҳи июни соли 2010 баъди сари қудрат омадани Ҳукумати муваққат, баъи инқилоти 7 апрел рух дод. Бархеҳо дар Қирғизистон бар ин боваранд, ки ҳаводиси вилояти Ӯшро ҷонибдорони Боқиевҳо ташкил кардаанд. Боқиевҳо баъди инқилоби моҳи апрели он сол ба Белорус фирор карданд. Боварҳои дигар низ мавҷуданд, ки ҳодисаҳои соли 2010-ро кори дасти ҷудоихоҳон ва гуруҳҳои ҷиноие медонанд, ки талоши назорати қочоқи маводи мухаддиро доштанд.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи низоъи қавмӣ дар соли 2010 дар ҷануби Қирғизистон 446 кас кушта, қариб 2 ҳазор кас ҷароҳат бардоштааст. Дар он ҳодисаҳо 57 тани дигар беному нишон шуданд, ки то кунун 19 тани онҳо пайдо нашудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.