Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон бо ҳамтои қирғизистониаш Содир Ҷабборов суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин суҳбат масъалаи марзи ду кишвар баррасӣ шудааст.

Ду президент бо қаноатмандӣ фаъолшавии ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодиро зикр кардаанд.

Мирзиёев ва Ҷабборов иҷрошавии созишномаҳои марзиро баҳои баланд додаанд.

Рӯзҳои 5-7 май дар шаҳри Бишкек ҷаласаи гуруҳҳои кории ду кишвар дар мавриди муайянсозӣ ва аломатгузории марзи давлатӣ баргузор шуд. Дарозии марзи ду кишвар 1378 км-ро ташкил медиҳад, ки 85 дарсади он то соли 2017 ва 13 дарсади боқимонда баъдтар муайян карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.