Вазорати молияи Ӯзбекистон хабари гаронтар шудани нерӯи барқ дар ин кишварро, ки ахиран дар шабакашои иҷтимоӣ паҳн гашт, шарҳ дод.
"Ба самъи шумо мерасонем, ки дар ҳоли ҳозир лоиҳаи қарори девони вазирон "Дар бораи тағйири нарх ва тарифҳои манбаъҳои энергетикиву сӯзишворӣ" баррасӣ мешавад. Ҳадафи қарор ислоҳоти бахши энергетикӣ ба хотири таъмини сокинон ва бахши иқтисод бо нерӯи барқу гази табиии босифат мебошад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Қаблан, муовини вазири энергетикаи Ӯзбекистон Шерзод Хоҷаев ба расонаҳо гуфта буд, нерӯи барқи истеҳсолшаванда дар он кишвар бо нархе ба сокинон фурӯхта мешавад, ки ба давлат зарар меорад.
Ба гуфтаи вай, 1 киловатт-соат нерӯи барқ ба сокинони Ӯзбекистон 295 сӯм ($ 0.03) фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки агар тамоми хароҷоти истеҳсолӣ ва нақлиётиро ҳисоб кунем, арзиши 1 киловатт-соат 400 сӯм ($ 0.04) хоҳад шуд.
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Хонандагон аз шарикдарси тоҷикашон узр пурсиданд. Оғози таҳқиқи латукӯби хонандаи тоҷик аз сӯи Кумитаи тафтишот
Дар Исфара бар асари сел таҳхонаҳо ва иншооти ёрирасон зери об монданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста