Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 1 сентябр дар паёми навбатии худ хабар дод, ки тирамоҳи имсол дар кишвараш интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор хоҳад шуд.

"Барои амалисозии муваффақонаи маҷмӯи ислоҳот дар масири бунёди Қазоқистони одилона мандати нави боэътимоди мардум зарур аст", - иброз доштааст Тоқаев, хабар медиҳад centralasian.org.

Бар гуфтаи ӯ, “барояш манфиати давлат аз ҳама болотар меистад ва бинобар ин, омода аст, ки муҳлати ваколатҳои худро коҳиш дода, вориди интихоботи пешазмуҳлати президентӣ шавад”.

"Тавсия медиҳам, ки муҳлати президентӣ бо як давраи ҳафтсола маҳдуд карда шавад, лекин интихоби дубора манъ мешавад,- гуфтааст вай. - Пешниҳоди ман хатарҳои инҳисори қудратро ба таври назаррас коҳиш медиҳад".

Гуфта мешавад, ӯ ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки интихобот ба парлумон ва маслиҳат (мақомоти маҳаллӣ) нимаи аввали соли 2023 гузаронида шавад.

Ёдрас мекунем, ки 9 июни соли 2019 дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир гардида, бо касби 70,9% раъйи овоздодагон Тоқаев пирӯз шуд. Интихоботи президентӣ дар ҷумҳурӣ ҳар панҷ сол як маротиба доир мегардиданд.

Маъракаи интихоботи пешина ба Маҷлис (палатаи поёнии парлумон)-и кишвар моҳи январи соли 2021 доир гардида, интихоботи минбаъда бояд соли 2025 баргузор мешуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.