Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон, бо Шавкат Мирзиёев, Президенти Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот сарвари давлати Тоҷикистон ба давраи раисии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, ҳамчунин ободкориҳои шаҳри Самарқандро зери роҳбарии Шавкат Мирзиёев алоҳида таъкид намуд.
Сарони давлатҳо дӯстии ду кишвар, ҳамсоядории нек ва рушди шарикии стратегиро махсусан зикр намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр карда шуд, ки соли ҷорӣ гардиши тиҷоратии ду кишвар 16 дарсад афзоиш ёфтааст.
Сарони давлатҳо аз лоиҳаи барои ҷонибҳо ва тамоми минтақа манфиатовар – НБО Ёвон ёдовар шуда, аз оғози корҳо дар он ибрози қаноатмандӣ намуданд.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳониро мавриди баррасӣ қарор доданд.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста