Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номзадии шаҳри Самарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2024 пешбарӣ шуд. Дар ин бора Podrobno.uz хабар медиҳад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зикр кард, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардӯстона яке аз самтҳои муҳимтарини робитаҳои мутақобила дар паҳнои ИДМ мебошад.

Сурат: plov.press

Гуфта мешавад, бо мақсади ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи инноватсия ва байни ҷавонон Шавкат Мирзиёев пешниҳод намудааст, ки соли оянда дар Ӯзбекистон таҳти унвони “Ҷавонон ҷонибдори инноватсия” (Молодежь за инновации) Конгресси якуми олимони ҷавони ИДМ гузаронида шавад.

Ӯ ҳамчунин омодагии Ӯзбекистонро ба минбаъд фаъолона мусоидат намудан ба амалисозӣ ва иштирок дар лоиҳа ва барномаҳои муштарак дар бахшҳои тандурустӣ, маориф, варзиш, фарҳанг ва ҳунар изҳор доштааст.

Президенти Ӯзбекистон аз қарори пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани шаҳри Санкт-Петербург дар соли 2023 ҷонибдорӣ кардааст. Номзадии шаҳри Самарқанд ба сифати пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2024 пешбарӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки Самарқанд яке аз шаҳрҳои маъруфи таърихии Ӯзбекистон мебошад. Он теъдодии зиёди сайёҳонро ҷалб мекунад, зеро дар он анъанаҳои қадимии Шарқ ва замони муосир ба ҳам тавъаманд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.