Роҳҳои вуруд ба шаҳри Самарқанд рӯзҳои 10 ва 11 ноябр муваққатан баста мешаванд. Барои воситаҳои нақлиёте, ки тариқи транзит қаламрави вилоятро убур мекунанд, бо роҳҳои ҳамшафат ҳаракат роҳандозӣ шудааст, хабар додаанд дар РКД вилояти Самарқанд, менависад centralasian.org.

Ғайр аз ин, дар рӯзҳои баргузории нишаст ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои Самарқанд низ муваққатан маҳдуд мешавад.

Дар кӯчаҳои дастрасиашон маҳдуд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ба ҳаракати автомашинаҳои ёрии тиббӣ ва шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ иҷоза дода мешавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки  дар робита ба баргузории нишасти Созмони кишварҳои туркӣ, Фурудгоҳи байнулмилалии Самарқанд аз соати 00:01-и рӯзи 8 ноябр то 00:01-и рӯзи 12 ноябр баста мешавад.

Нишасти якуми Созмони кишварҳои туркӣ рӯзи 11 ноябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Ӯзбекистон аъзои Созмон мебошанд. Маҷористон (Венгрия) ва Туркманистон дар Созмон мақоми нозирро доранд.

Созмони кишварҳои туркӣ моҳи октябри соли 2009 ҳамчун Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон (Шӯрои туркӣ) таъсис дода шуд. Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия аъзои он шуданд.

Соли 2018 Ӯзбекистон нияти узвият ба Созмонро изҳор намуда, соли 2019 дар нишасти Боку ба узвияти Созмон пазируфта шуд. Дар нишасти Истанбул, ки 12 ноябри соли 2021 доир гардид, номи Шӯрои туркӣ ба Созмони кишварҳои туркӣ иваз шуд.

Рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд нишасти Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд. Дар ин рӯзҳо, аз 14 то16 сентябр фурудгоҳи Самарқанд баста шуда, вуруд ба шаҳр маҳдуд карда шуда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.