Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ байни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти марзӣ ба миён омад, ки дар баъзе ҳолатҳо бо задухӯрдҳои сарҳадбонон ва куштаву захмӣ шудани низомиёну мардуми осоишта анҷомид. Бо ин ҳол, ба истиснои Тоҷикистону Қирғизистон, боқии кишварҳои минтақа тавонистанд мушкилоти марзии худро аз роҳи сиёсӣ-дипломатӣ ҳал кунанд. Охирин намуна имзои Протокол дар бораи мубодилаи асноди тасвиби Шартномаи дуҷониба дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии ду кишвар миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон мебошад.

Дар ин миён баҳсҳои марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон на танҳо чашмандози рӯшане надорад, балки тайи солҳои 2021-2022 ба ҳадде шиддат гирифтанд, ки даҳҳо куштаву захмӣ боқӣ гузошта, боиси аз байн рафтану хароб гардидани иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва манзилу макони сокинони осоишта аз ҳар ду ҷониб шуданд.

Ташаббусҳои миёнаравие, ки бе посух монданд

Шоёни зикр аст, ки дар ҳеҷ як аз муноқишаҳои марзии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ зарурати миёнаравии тарафи сеюм пеш наомада буд, зеро онҳо ҳалли мушкилоти мавҷударо тавассути музокироти дуҷониба афзалтар донистанд. Аммо аз соли 2020 сар карда, пешниҳоди миёнаравии Русия дар ҳаллу фасли муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон борҳо матраҳ шуд. Оё воқеан миёнаравии ҷониби сеюм дар муноқишаи марзии байни ду кишвар муҳиму имконпазир аст?

Ҳоли ҳозир танҳо Русия аст, ки расман хостори миёнаравӣ дар ин масъала шудааст. Бори нахуст 26 майи соли 2020 вазири корҳои хориҷаи Русия Сергей Лавров пешниҳод кард то Русия дар ҳалли мушкили марзии байни Тоҷикистиону Қирғизистон ҳамчун миёнарав иштирок намояд.

- Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муташанниҷ мебошад. Мутаассифона, бори аввал нест, ки вазъият шиддат мегирад. Мо аз ҳампаймононамон даъват мекунем, ки вориди муколама шаванд ва то ҳадди имкон аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд. Мо омодаи миёнаравӣ буда, боварӣ дорем, ки ҳарчӣ зудтар вазъ ором шавад, ҳамон қадар беҳтар хоҳад буд, - гуфта буд Сергей Лавров.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон пас аз се рӯзи матраҳ шудани ин пешниҳод ба Маскав нота фиристода, таъкид кард, ки ҷалби ҷонибҳои сеюм ба раванди музокироти ҳалли масъалаҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон муносиб дониста намешавад.

Бо гузашти чанд рӯзи дигар Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон низ ба ин пешниҳоди Сергей Лавров вокуниш кард, ки дар қиёс бо мавқеъгирии Душанбе “нармтар” буд. Бишкек бо ибрози ташаккур аз таваҷҷуҳи Маскав ба масъалаи марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон, ба он ишора кард, ки “омодаанд мушкилро дар сатҳи дуҷониба ҳал намоянд”.

Бори дуввум пешниҳоди Маскав барои миёнаравӣ дар ин масъала замоне матраҳ шуд, ки дар 30 апрел ва 1 майи соли 2021 даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон иттифоқ афтод. Дар ҳоле ки даргирӣ идома дошт, сӯхангӯи президенти Русия Дмитрий Песков аз омодагии Владимир Путин барои миёнаравӣ дар ҳалли ин муноқиша хабар дод.

Нуқтаи обтақсимкунии "Головной"
Акс аз муаллиф

-Бешубҳа бо дарназардошти иштирокоти мо дар созмонҳои гуногун, аз ҷумла СААД ва ғайра, албатта, президент ҳамеша омода аст дар ҳалли мушкилоти шадиде, ки метавонад дар байни кишварҳои узв ба миён оянд, нақши миёнаравро бозӣ кунад. Вай аллакай борҳо ва ба таври муассир ин корро анҷом додааст”,- гуфта буд Песков.

Аммо баръакси пешниҳоди қаблӣ, ин бор на Душанбе ва на Бишкек ба ин сухани сухангӯи президенти Русия ҳеч вокунише нишон надоданд.

Хабаргузории ТАСС рӯзи 10 феврали соли 2022 бо истинод ба муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко хабар дод, ки "Русия омода аст таҷрибаи худро дар масъалаи таъйини марз бо Бишкек ва Душанбе дар миён гузорад". Ин бори сеюм буд, ки Маскав дар сатҳи расмӣ ба омодагии худ барои бозӣ кардани нақши миёнаравӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон таъкид мекард.

Изҳороти сарвазири Қирғизистон Оқилбек Жапаровро, ки рӯзи 15 феврали ҳамон сол дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек садо дод, метавон як навъ вокуниш ба ин иқдоми Русия арзёбӣ кард. Жапаров гуфт, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон қасд доранд, мушкили марзии худро бидуни ҷониби сеюм ҳал кунанд, зеро “...марз танҳо вақте эътироф мешавад, ки ҳарду ҳамсоя ба мувофиқа мерасанд”.

Аммо пас аз муноқишаи навбатии марзии моҳи сентябри соли 2022, ки дар таърихи даргириҳои марзии минтақа шадидтарин ба ҳисоб рафта, аз ду ҷониб хисороти сангини ҷониву моддӣ дар пай дошт, бори нахуст ҷониби Қирғизистон хостори миёнаравии тарафҳои сеюм шуд. 20 сентябри соли 2022 президенти Қирғизистон зимни суханронии худ дар нишасти Маҷмаи умумии СММ Тоҷикистонро муттаҳам ба таҷовузи низомӣ кард ва бо “сабаби коста шудани эътимод ба ҳамсоя” хостори “музокирот ва миёнаравии байналмилалӣ, аз ҷумла бо ҳузури СММ, САҲА ва СААД” шуд. Се рӯ пас аз ҳамон минбари СММ вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иттиҳомот ва иддаъоҳои ҷониби Қирғизистонро беасос хонд ва бархилофи Садир Жапаров аз зарурати миёнаравии тарафҳои сеюм дар ҳаллу фасли мушкилоти марзии ду кишвар сухан ба миён наовард ва таъкид кард, ки “масоили марзӣ бо изҳороти популистӣ ва эҷоди вазъияти бӯҳронӣ ҳал нашуда, ба кори муштараки ҳаррӯза ва фикршуда ниёз дорад”.

Ҳудуди се ҳафта баъд дар шаҳри Остона, дар ҳошияи нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дидори сеҷонибаи сарони Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Дар поёни ин дидор Владимир Путин ба хабарнигорон гуфт: “... мо бидуни иддаъои бозӣ кардани нақши миёнаравӣ, ҳарчанд ошкоро аз мо хоҳиш карданд, ки ин корро кунем, ба мувофиқа расидем, ки ҳар ду ҷониб асноди марбута ва дидгоҳҳои дар бораи ҳалли ин масъаларо ба мо муаррифӣ мекунанд ва мо на танҳо кӯшиши арзёбии ин пешниҳодҳоро хоҳем дошт, балки барои пайдо кардани роҳи ҳалли он асноди дар ихтиёрамон бударо истифода хоҳем кард, ки мумкин аст барои ба мувофиқа расидан асос шаванд”.

Президенти Русия ҳамчунин ёдовар шуд, ки Маскав дар бораи марзҳои байни ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ назар ба худи онҳо маълумоти мӯътамадтар дар даст дорад.

-Мо ин асноду харитаҳоро гирифта, якҷоя бо ҳамтоёни худ баррасӣ мекунем ва ба дунболи ҷустуҷӯи роҳи ҳал мегардем, - гуфт ӯ.

Рӯзи 19 октябри соли гузашта вазири мудофиаи Қирғизистон Бактибек Бекболотов зимни як нишасти хабарӣ дар Бишкек бо таъкид бар аҳамияти нақши тарафҳои сеюм гуфт, ки “...бидуни миёнаравии як доваре, масалан аз СААД, дар масъалаи таъйини марз бо Тоҷикистон натиҷае ба даст нахоҳад омад”. Сипас рӯзи 23 ноябр дабири кулли СААД Станислав Зас низ дар нишасти муштараки вазирони хориҷа, дифоъ ва котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узв, ки дар Ереван баргузор шуд, изҳор дошт, ки ин созмон “...аз захираву таҷрибаи лозим барои кумак ба оддисозии вазъияти марзи Тоҷикистону Қирғизистон бархурдор аст, албатта, ба шарте ки Тоҷикистон ва Қирғизистон чунин кореро зарур донанд”.

Ба ин ибтикори СААД низ Душанбе расман вокунише нишон надод.

Нуқтаи обтақсимкунии "Головной"
Акс аз муаллиф

Миёнаравӣ лозим аст ё не?

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҷрибаи ҳалли мушкилоти марзӣ бо иштироки тарави сеюм, яъне миёнарав вуҷуд надорад. Оё пешниҳоди Русия (ё СААД бо ҳузури нозирони низомӣ) барои миёнаравӣ дар муноқишаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон имконпазир аст ва он ба ин мушкил хотима хоҳад дод?

Ба бовари раиси маркази таҳлилии “Prudent Solutions” дар Қирғизистон Эсен Усубалиев, будани миёнарав дар ҳалли масоили марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон муҳим мебошад, зеро аз идомаи ин вазъият на танҳо ду халқ ва ду давлат, балки тамоми фазои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он ду созмони муҳими Авруосиё – СААД ва СҲШ фаъолият доранд, зарар мебинанд.

Усубалиев мутмаин аст, ки маҳз Маскав метавонад дар ин масъала кӯмак намояд, зеро аз як сӯ, Осиёи Марказӣ минтақаи масъулияти низомӣ-сиёсии Русия аст, аз сӯи дигар, маҳз он абзорҳои зарурии таъсиррасонӣ ба ҳар ду тарафро дар ихтиёр дорад.

Эсен Усубалиев
Акс аз саҳифаи фейсбуки Э.Усубалиев

- Ба андешаи ман, миёнаравӣ дар ҳалли масъалаи марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон як иқдоми муҳиммест, ки барои оғози барқарории эътимоди байни ду давлат метавонад аҳамияти калидӣ дошта бошад. Ва дар ин робита оғози раванди муколама тавассути миёнаравии Русия ниҳоят муҳим аст, ки ба ҷонибҳо дар таҳияи усул ё принсипҳои ҳаллу фасли тадриҷӣ ва марҳила ба марҳилаи масоили марзӣ, идоракунии об ва нақлиёт мусоидат хоҳад кард. Равшан аст, ки ҷонибҳо барои оғози чунин муколама, ки ҳам ба ӯҳдадориҳои сиёсии дохилӣ ва ҳам бо омилҳои сиёсии хориҷӣ иртибот доранд, аз иродаи сиёсӣ бархурдор нестанд”, – гуфт Усубалиев.

Ба назари ӯ, набояд миёнаравии Русияро ҳамчун фурсати ба даст овардани абзорҳои бештари фишор ба ду кишвар арзёбӣ намуд, балки ба он ба унвони фурсат ё шонси воқеии таҳияи механизмҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда нигоҳ кард.

Аммо коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад бар он аст, ки дар марҳилаи кунунии раванди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъйин ва аломатгузори хатти марзи давлатӣ аз тарафи Русия вогузор шудани асноди таърихиву нақшаҳо ё харитаҳои замони Иттиҳоди Шуравӣ муносибтар мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуди минтақа, шиддати рақобатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ, бахусус тулонӣ шудани амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина тасаввури амалӣ шудани идеяи теъдоде аз коршиносон дар бораи имкони ҳузури нозирони низомӣ аз Русия ё СААД дар хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон душвор аст.

Ӯ мегӯяд, аввалтар аз ҳама бояд ду ҷониби муноқиша зарурати ворид шудани тарафи сеюмро ба раванд бипазиранд, ки то ҳоли ҳозир чунин омодагие ба мушоҳида нарасидааст.

Қосими Бекмуҳаммад
Акс аз муаллиф

-Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки ҳузури тарафи сеюм, масалан Русия, эҳтимол баҳонаи муносибе барои дахолати рақибон ин кишвар ба қазия шавад? Бо таваҷҷуҳ ба табдил шудани Украина ба сангари рӯёрӯии мусаллаҳонаи Русияву Ғарб, ҳатто ҳузур ёфтани Маскав ба сифати миёнарав дар муноқишаи дигаре дар қаламрави Шуравии собиқ, метавонад рақибони Русияро ба фикри истифода аз ин фурсат барои барҳам задани тамаркузи низомии Русия дар Украина андозад. Чаро ки онҳо аз аҳамияти Осиёи Марказӣ ба унвони минтақаи манофеъи ҳаётии Русия комилан огоҳанд,-мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад.

Ӯ мегӯяд, имкон дорад, ки ҷалби Русия дар қазияи марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба сурати ҳузури нозирони низомӣ дар ниҳоят на танҳо ба ҳалли мушкил кумак накунад, балки вазъиятро печидатар ҳам намояд, ки табиатан на ба нафъи Тоҷикистон аст ва на ба нафъи Қирғизистону Русия.

-Беҳтар ҳамон аст, ки Русия бидуни сару садо ва таблиғот ба воситаи дар миён гузоштани таҷрибаи худ ва вогузории асноду нақшаҳои муътабар ба ҳалли ин мушкил мусоидат кунад. Албатта маслиҳату машваратҳои раҳбарони кишварҳои дигари минтақа, махсусан Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ, ки мавриди эътимоди Душанбеву Бишкек мебошанд, метавонад хеле корсоз бошад, - мегӯяд Қосими Бекмуҳаммад.

Ин коршиноси тоҷик бар он аст, ки аслитарин омил барои ҳаллу фасли мушкилоти марзӣ мавҷуд будани иродаи роҳбарони сиёсии ду кишвар аст. Агар чунин иродае вуҷуд дошта бошад, имкони гузаштҳои мантиқӣ ва расидан ба роҳи ҳалли одилона фароҳам хоҳад шуд.

Ҳуқуқдон ва коршиноси расонаии рус Борис Пантелеев низ шароити мавҷудро барои иҷрои нақши миёнаравӣ дар муноқишаи марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон чандон муносиб намедонад.

-Мавқеи расмии Русия дар ин муноқиша дар хомӯш мондани он дар муҳити расонаӣ нуҳуфта аст. Дар бобати миёнаравӣ ва андешидани чораҳои таъҷилӣ ташаббуси амиқ вуҷуд надорад. Мониторинг ва эҳтимолан гуфтушунидҳои корӣ бо ҳарду ҷониб анҷом мешавад. Онҳоро таблиғ намекунанд, зеро ҳеҷ гуна пешравие нест. Зоҳиран, кишварҳои дигар, монанди Туркия низ мехоҳанд нақши миёнаравии худро пешниҳод кунанд”, – мегӯяд ин коршиноси рус.

Борис Пантелеев
Акс аз манобеи боз

Ба ақидаи Пантелеев, ҳатто агар Русия бихоҳад ба таври фаъол вориди ин муноқиша шавад, мебояд захираҳои нави молиявӣ ва низомиро ҷалб намояд. Ин масъала душвор аст, зеро ҳоло Русия даргири амалиёти вижаи низомӣ дар Украина аст. Илова бар ин, пас аз ҷалб шудан ба ҳалли муноқиша ҳатман ҳарду ҷониб Русияро муттаҳам ба ғаразнок будан хоҳанд кард, ки дар оянда фавқулода номатлуб мебошад.

Бо таваҷҷуҳ ба назару дидгоҳҳои матраҳшуда метавон ба ин хулоса омад, ки дар шароити имрӯзӣ беҳтарин роҳи ҳалли масоили марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон анҷоми музокироти созанда дар сатҳи дуҷониба бо риояи асл ё принсипи адолати таърихӣ ва гузаштҳои мутақобили мантиқӣ буда, ҳузури тарафҳои сеюм, махсусан қудратҳо метавонад боиси ҳассостар шудани вазъият гардад. 

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи DW Akademie, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии федеролии Олмон (Auswärtiges Amt) маблағгузорӣ мешавад, омода гардидааст. Андешаҳои дар ин мақола баёншуда маводи муаллифӣ буда, нуқтаи назари Deutsche Welle/DW Akademie-ро инъикос намекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.