Саида Мирзиёева, духтари Шавкат Мирзиёев, президенти кунунии Ӯзбекистон рӯзи 23 март дар Конфронси СММ бахшида ба захираҳо дар шаҳри Ню-Йорки ИМА суханронӣ кард.

Бино ба иттилои расмӣ, Саида Мирзиёева аз номи Ӯзбекистон баромад ва масоили муҳими баҳри Аралро баррасӣ кардааст. Баъди суханронӣ дар СММ, Саида Мирзиёева бо нашри аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки дар Кохи сафед ва Департаменти давлатии ИМА гуфтугӯ анҷом додааст.

Расонаҳои маҳаллӣ ва гуруҳе аз блогерон суханронии духтари президентро аз минбари СММ “рӯйдоди таърихӣ” унвон карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин ин суол чарх мезанад, ки Саида Мирзиёева, роҳбари шуъбаи дастгоҳи президент, оё ҳақ дорад кишварро дар СММ муаррифӣ кунад?

“Вай ба ҳайси кӣ суханронӣ кард? Ба ҳайси духтари президент?”, - навиштааст дар шабакаҳои иҷтимоӣ Фарида Шариф, як корбари ӯзбекистонӣ.

Баъди сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев духтари калонии вай Саида Мирзиёева дар мазҳари ом зиёд пайдо мешавад ва худро ҳомии фарҳангу санъат ва озодии баён муаррифӣ мекунад. Саида Мирзиёева дар чорабиниҳои расмӣ ҳозир мешавад, суханронӣ мекунад ва ба дохилу хориҷи Ӯзбекистон сафарҳои расмӣ анҷом медиҳад. Нуфузи рӯзафзуни Мирзиёева боис шудааст, ки ӯро бо Гулнора Каримова - духтари Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон, ҳоло дар ҳабс аст, муқоиса кунанд.

Гулнора Каримова

“Хешовандгароӣ дар ҳаракат аст. Барои суханронӣ дар СММ на ягон мутахассис ё касеро, ки тамоми умр ба наҷоти Арал машғул аст, балки духтари президентро фиристодаанд. Зоҳиран, шахсияту ӯро барҷаста месозанд, то ин ки ба мансабҳои баландтари давлатӣ таъйин намоянд. Аз дунболи Гулнора Каримова қадам мемонад?”, - навиштааст Алишер Илҳомов, корбари шабакаи иҷтимоии фейсбук.

Корбарони бештари ӯзбекистонӣ навиштаанд, ки “таърих такрор мешавад” ва аз Саида Мирзиёева даъват кардаанд, “аз иштибоҳҳои Гулнора сабақ гирад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.