Намояндагони Ӯзбекистон, Покистон ва Афғонистон барои иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани “Фароафғонӣ” дар шаҳри Тошканд сари мизи гуфтушунид нишастаанд.
Хабаргузории Осиёи Марказӣ бо такя ба ширкати “Ӯзбекистон темир йӯллари" иттилоъ додааст, ки дирӯз марҳилаи ниҳоии гуфтугӯи ин се кишвар барои иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани “Фароафғонӣ” дар шаҳри Тошканд оғоз шуд.
“Ҷонибҳо механизми ҷалби сармоя, сохтмон, ҷузъиёти техникӣ ва муҳлати иҷрои тарҳро баррасӣ мекунанд”, - менависад манбаъ.
Сохтмони роҳи оҳани “Фароафғонӣ” қарор буд, моҳи сентябри соли 2021 оғоз шавад. Вале он ба далели сари қудрат омадани гурӯҳи Толибон* дар моҳи августи он сол ба таъхир афтод.
Арзиши тахминии бунёди роҳи оҳани “Мазори Шариф – Кобул – Пешовар” 5 миллиард доллар гуфта мешуд. Аммо котиби роҳи оҳани Покистон Зафар Ранҷа дар моҳи декабри соли 2022 гуфт, арзиши нави тахминии лоиҳа 8,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки роҳи оҳани “Фароафғонӣ” тахминан 600 километр дарозӣ дорад ва роҳи Ӯзбекистону кишварҳои минтақаро ба бандарҳои Покистон боз мекунад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - Афғонистон бихонед.
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста