Имрӯз, 11-уми август, дар Ӯзбекистон аввалин мурофиаи 21 нафаре, ки доруи "Док-1 Макс" ба ин кишвар ворид карда, сабаби марги 65 кӯдак шуданд, баргузор гардидааст. Дар ин бора Азиз Абидов, як намояндаи Суди олии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, ин 21 нафар айбдоршавандагон - 16 мард ва 5 зан мебошанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.
“S.R.P. – як шаҳрванди 51-солаи Ҳиндустон, ки директори ҶДММ “Курамакс Медикал” мебошад, барои ворид кардани доруи "Док-1 Макс" айбдор шудааст.
Ҳамчунин, Сардор Қариеви 41-сола, шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар як вақт директори Агентии рушди саноати фармасевтӣ ва директори Маркази давлатии экспертиза ва стандартизатсияи доруворӣ, техникаи тиббӣ ва таҷҳизоти тиббиро ба ӯҳда дошт, дар пайи ин ҷиноят айбдор гардидааст.
Ба гуфтаи намояндаи Суди олии Ӯзбекистон, дигар айбдоршавандагон кормандони масъули ҶДММ “Курамакс Медикал” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази давлатии экспертиза ва стандартизатсияи доруворӣ, асбобу анҷоми тиббӣ ва таҷҳизоти тиббӣ” мебошанд.
Онҳо ба содир кардани ҷиноятҳои пешбинигардида дар моддаҳои 184, 28,186-3, 186-3, 25,205, 205, 207, 28,209, 209, 210, 211, 212, 228-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон айбдор мешаванд.
Ҳоло ба иттилои манбаъ, 7 нафари айбдоршавандагон ба ҳабс гирифта шуда, 12 нафар баёноти рафтори нек дода ва 2 нафари дигар бо гарав озод шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз кофтуковҳое, ки дар Ҳиндустон гузаронида шуд, муайян гардид, ки дар истеҳсоли доруи мазкур бар ивази моддаи доруворӣ моддаи заҳролуд истифода шудааст.
Аз тарафи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои истифодаи доруҳои "Док-1 Макс" ва "Амбронол" огоҳии ҷиддӣ дода шуд. Ӯзбекистон 3-юм давлат мебошад, ки дар он заҳролудшавӣ аз доруи мазкур қайд карда шудааст.
Ширкати ҳиндии Marion Biotech (истеҳсолкунандаи ин доруҳо) аз авоили солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ба имрӯз дар Тоҷикистон бар асари истеъмоли доруҳои ин ширкат касе осеб надидааст.
Ёдовар мешавем, ки дар пайи истеъмоли ин дору дар Тоҷикистон ҳеҷ кӯдаке нафавтидааст. Дар ҳамин ҳол, сар аз моҳи феврали соли равон дар Тоҷикистон фурӯши доруҳои “ДОК-1” ва “Док-Макс” расман манъ карда шудааст.





Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста