Раиси боздоштшудаи ҳизби “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаровро 23 сентябр дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон ҳудуди 5 соат бозпурсӣ кардаанд.
Дар ин бора centralasian.org хабар медиҳад.
Вакили дифои сиёсатмадор Майрамбек Жумабеков гуфтааст, як сокини маҳаллӣ бо номи Чингиз Абдумомунов ба пулис шикоят кардааст, ки соли 2015 ба “Бутун Қирғизистон” 50 ҳазор доллари амрикоӣ дода буд ва ҳоло мехоҳад онро баргардонад.
“Мадумаров гуфт, ки аз он замон 8 сол гузаштааст ва дар ин бора чизе намедонад. Ҳизб ҳам аз номзадҳо пул намегирад ва дар Оинномаи ҳизб низ чунин меъёр вуҷуд надорад”, - изҳор доштааст вакили дифоъ.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон то ҳол бозпурсии Мадумаровро шарҳ надодааст.
Адахон Мадумаровро рӯзи 2-юми сентябр неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек боздошт карданд. Бегоҳи он рӯз додгоҳ ӯро то 24-уми октябр ба ҳасби пешакӣ гирифт.
Вакили мудофеъ Гуляна Убалиева гуфт, ки сиёсатмадорро дар “хиёнат ба давлат” гумонбар мекунанд. Вай тасдиқ кард, парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст.
Дар хусуси тафсилоти боздошти Адахон Мадамаров ва таъсири эҳтимолии он ба раванди музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон метавонад аз матлаби “Чаро Мадумаров боздошт шуд ва он ба музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон чӣ таъсир мерасонад” маълумоти бештар пайдо кунед.
Боздошти корманди “Русский дом” дар Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби зархаридон ба ҷанг
“Расид наёрӣ, шаҳодатномаи хатм намедиҳам”. Шикоят аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба Маркази миллии тестӣ
Сардори нави Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД кист?
Комроншоҳ Устопирён дубора ба майдон бармегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалии куштӣ киҳо намояндагӣ мекунанд?
Рухшона Ҳакимоваро аз “СИЗО” ба маҳбаси занонаи Норак интиқол додаанд
Барои “ислоҳу тарбия”-и маҳбусони бо терроризм маҳкумшуда беш аз 38,5 млн сомонӣ ҷудо мекунанд
Қурби доллар нисбати сомонӣ то сатҳи панҷ моҳ пеш поин рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 3
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2025
“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста