Аз 19 то 25-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, бо иштироки ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷаласаи навбатӣ оид ба аломатгузории марзи ду кишвар баргузор шуд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин ниҳод, дар мулоқоти мазкур лоиҳаи аломатгузории сарҳади ду кишвар муҳокима шудаанд.
Тафсилоти бештар оид ба ин мулоқот ироа намешавад. Танҳо зикр мегардад, ки мулоқот дар рӯҳияи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Дар анҷоми ҷаласа, ҷонибҳо протоколи дахлдор имзо кардаанд.
Бояд зикр кард, ки қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар рӯзҳои 21-28-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон мулоқот карда буданд.

Ҷонибҳо дар мулоқотҳои қаблӣ дар бораи ҷойҳо ва санаҳои вохӯриҳои муштарак дар маҳал мувофиқа карда, инчунин дигар масъалаҳои сарҳадӣ ва аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ намуда будандю
Ёдовар бояд шуд, ки моҳи январи соли 2020 мақомоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз баргузории нахустин ҷаласаи Комиссияи муштараки таъйини марзи ду кишвар хабар дода, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки асноди бунёдӣ дар раванди аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон хоҳанд буд, тасвиб шуданд.
Дарозии марзи давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 километрро ташкил медиҳад, аммо дар тӯли беш аз 25 соли ҳукмронии Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии қаблии Ӯзбекистон масъалаи аломатгузории марз ҳалношуда монд.
Танҳо пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон ва сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018, чунин созишнома моҳи марти соли 2018 ба имзо расид.
Аз ҷумла, бар асоси ин қарордод тасмим гирифта шуд, ки обанбори Фарҳод, ки дар пайванди марзи ду кишвар дар вилояти Суғд воқеъ аст, барои панҷоҳ соли дигар муштаракан истифода шавад. Ҷонибҳо баъдан ба мувофиқа расиданд, ки қаламрави обанбор замини Тоҷикистон, вале худи НБО Фарҳод моли Ӯзбекистон аст.
Бояд зикр кард, ки НБО Фарҳод бо обанбори хурд дар соли 1947 дар қаламрави Тоҷикистони муосир сохта шудааст.
Мушкили дигари марзи ду кишвари ҳамсоя ин буд, ки дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон мақомоти Ӯзбекистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳ баъзе манотиқи марзиро минагузорӣ карда буданд, ки дар пайи он даҳҳо сокини осоишта куштаву захмӣ шуданд.
Моҳи октябри соли 2018 мақомоти ҳарду кишвар эълон карданд, ки корҳо барои поксозии майдонҳои мина оғоз мекунанд.
“Духтарон бояд босавод шаванд”. Нахустнамоиши филми тасвирӣ
Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд
ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд
Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов
72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд
Бек Сабур алайҳи Илон Маск. Кадоме аз онҳо зудтар дар Тоҷикистон интернети босуръатро фароҳам меоранд?
Русия зодаи Тоҷикистонро мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон кард
Чаро сокинони Тоҷикистон ба назди фолбину ҷодугар мераванд?
То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд
Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста