Рӯзҳои 11 то 17-уми ноябри соли 2023, тибқи тавофоқи қаблан ҳосилшуда, дар шаҳри Ботканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид. Дар ин бора Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳҳои кории топографӣ зимни ин мулоқот масъалаи тавсифи хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро дар қисматҳои боқимонда баррасӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки ин кор дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд.

Зикр мегардад, ки дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расидааст. Аммо оид ба муҳтавои протоколи имзошуда хабар дода намешавад.

Бояд гуфт, гурӯҳҳои кории ду кишвар тайи моҳҳои охир чанд маротиба мулоқот карда, қитъаҳоеро ҳам мушаххас кардааст.

Аз ҷумла, зимни мулоқоти 3-8-уми октябр 43,33 километр, 12-18-уми октябр 13,98 километр, 1-8-уми ноябр 17,98 километр қитъаи баҳсии сарҳад мушаххасу мувофиқа карда шуд.

Дар умум  75 километр сарҳад мушаххасу мувофиқа карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст. Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.