Дар Қазоқистон соли 2024 дар доираи чорабиниҳо оид ба омодагии ҷангӣ бо иштироки ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машқҳои низомӣ баргузор мешаванд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар медиҳад.
“Имсол дар қаламрави давлати мо машқҳои низомии бузургмиқёс бо иштироки 5 кишвар баргузор мешаванд, ки бояд дар сатҳи баланди тадорукотӣ гузаронида шаванд. Барои мо нигаҳдории муносибатҳои дӯстона байни халқҳои бародар хеле муҳим аст”, - гуфтааст вазири мудофиа Руслан Жаксиликов.
Муовини аввали вазири мудофиа - сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ генерал-лейтенант Марат Хусаинов машқҳоро муҳим ва аҳаммиятнок арзёбӣ кардааст.
“Дар соли 2024 зиёда аз 160 чорабинии фаврӣ ва беш аз 70 ҳазор - чорабинии омодагии ҷангӣ ба нақша гирифта шудааст. Бештар муҳим аз онҳо машқҳои “Бирлистик” мебошад, ки ба он Неруҳои ҳарбии баҳрӣ, Неруҳои ҳарбии ҳавоӣ, Неруҳои амалиёти махсуси фармондеҳии минатқавии “Ғарб” (Запад) ва ҷузъу томҳои ҳарбии Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷалб карда мешаванд”, - изҳор доштааст вай.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Вазорати мудофиа, дар доираи ҷашни 100-солагии генерал Сагадат Нурмагамбетов бори нахуст Чемпионат оид ба гӯштини миллии қазоқӣ байни хизматчиёни ҳарбии ИДМ доир мегардад.
Дар бораи вақти баргузории машқҳои низомӣ ва мусобиқаи варзишӣ мушаххасан хабар дода нашудааст.





Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста