Ҳамаи 11 рӯзноманигор ва фаъоли мадание, ки 16 январ ба Хадамоти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон интиқол ёфта буданд, 48 соат ҳабс шуданд.
Рӯзноманигор Айка Бейшекеева, хабаринигори пешини тарҳи "Temirov LIVE" Жоодар Бузумов, мудири тарҳои "Айт, Айт Десе" ва "Temirov LIVE", ҳамсари рӯзноманигори таҳқиқотгар Болот Темиров, Муҳаббат Тоҷибек қизӣ ва як корманди дигари тарҳ Мақсад Тоҷибек уулу дастгир шудаанд.
Вакили дифоъ Замир Жоошев дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, ки Сафар Акунбеков, Азамат Ишенбеков, Сайфидин Султоналиев, Актилек Капаров, Жумабек Турдалиев ва Оқил Орозбеков низ ҳабс гаштанд.
Тинистан Асипбек, корманди расонаи мустақили "ПолитКлиника"-ро ҳам ба муҳлати 48 соат ҳабс кардаанд.
Ҳамаи боздоштшудаҳо бо иттиҳоме, ки алайҳашон эълом шудааст, розӣ нестанд.
Қаблан расонаҳои қирғизистонӣ навиштанд, ки субҳи 16 январ мақомоти қудратии Қирғизистон дар манзили чанд рӯзноманигор кофтукоб анҷом дода, бархе аз рӯзноманигоронро бо худ ба бозпурсӣ бурдаанд.
Болот Темиров, рӯзноманигори қирғизистоние, ки аз он кишвар ихроҷ шудааст ва дар хориҷ қарор дорад, хабар дод, манзили мудири тарҳҳои рӯзноманигории "Айт, айт десе" ва "Темиров LIVE" - Муҳаббат Тоҷибек қизӣ ва рӯзноманигор Сафар Охунбеков дар шаҳри Бишкек бозҷӯӣ шудааст.
Мақомоти корҳои дохилии Қирғизистон дар матлабҳои тарҳҳои "Temirov LIVE" ва "Айт Айт Десе" даъват ба бетартибиҳои оммавиро ошкор кардаанд. Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии он кишвар субҳи 16 январ хабар доданд.
Сармураббии дастаи футболи Тоҷикистон барои шикаст аз Белорус узр пурсид
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Боздошти се “корманди ҳифзи ҳуқуқ” барои ғорати сокинон
Кумитаи дин: Имсол Рамазон 29 рӯз ва Иди Фитр 30-юми март аст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Боздошти як фурӯшанда барои фиреби харидорон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста