Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутии Тоҷикистон ва Театри вилоятии драмавии мусиқии шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон миёни ҳам аҳднома (меморандум) ба имзо расониданд ва аз ин пас ин ду театр ҳамкории эҷодиро ба роҳ мемонанд.
Абдукарими Машраб, директори Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ин аҳднома дар пайи сафари ҳунармандони театри мазкур ба Ӯзбекистон баста шуд.
Ба гуфтаи ӯ, дар доираи равобит ва ҳамкориҳои дӯстонаи ду кишвар ҳунармандони Театри Лоҳутӣ аз 12 то 16-уми январ ба шаҳрҳои Тирмиз ва Самарқанд Ӯзбекистон рафтаанд.
Дар доираи ин сафар, Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ бо Театри вилоятии драмавии мусиқии шаҳри Самарқанд аҳднома ба имзо расонид. Ин аҳдномаро роҳбарияти ду театр Абдукарим Машраб ва Искандар Султонов имзо кардаанд.
“Бо имзои аҳднома тасмим гирифта шуд, ки аҳли ҳунари ду муассисаи эҷодӣ дар оянда бо анҷом додани сафарҳои ҳунарӣ аз ҳаёту фаъолияти эҷодии якдигар огоҳ гашта, таҷрибаи якдигарро мавриди омӯзиш ва истифода қарор диҳанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Абдукарими Машраб зикр кард, инчунин намоишномаи “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё”-и драматурги ӯзбек Хурсанд Холиқов, ки саркоргардонии театр Султон Усмонов таҳия кардааст, дар театрҳои Самарқанду Сурхандарё бо забони тоҷикӣ ба саҳна гузошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло байни Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ва Театрҳои лӯхтаки Душанбе ва Тошканд ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2025
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста