Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 27 март муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимовро ҳабс кард.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Матраимов то 26 апрели имсол дар ҳабс мемонад. Мурофиа пушти дарҳои баста баргузор шуд.
Муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон дар доираи парвандаҳои "Ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардан" ва "Қонунигардонии даромадҳои ҷиноӣ" гумонбар мешавад.
Вакили дифои Матраимов ва наздикони ӯ, ки дар додгоҳ ҳузур доштанд, аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ карданд. Се бародари Матраимов - Руслан, Тилек ва Исломбек ҳам ба ҳабс гирифта шудаанд.
Райимбек Матраимов дар солҳои 2015-2017 муовини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон буд. Ному насаби вай борҳо дар таҳқиқоти рӯзноманигории вобаста ба низоми фасодолуди мақомоти гумруки Қирғизистон зикр шудааст.
Матраимовро дар моҳи октябри соли 2020 ба фасодкорӣ дар мақомоти гумрук айбдор карданд. Вай дар додгоҳ айбро эътироф кард ва бо пардохти 260 ҳазор сом ҷарима озод шуд.