Корманди “Русский дом” дар шаҳри Ош, Наталя Секерина, ки чанде қабл аз ҷониби мақомоти Қирғизистон бо иттиҳоми ҷалби "зархаридон" ба ҷанги Русия дар Украина дастгир шуда буд, аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод гаридааст.

Хабаргузории "ТАСС" навиштааст, ки қарори қаблии “ҳабси пешакӣ”-и ҳамаи муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон ба ҷанг дар Украина" ба ҳабси хонагӣ иваз карда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ки қарори мазкур  баъд аз мулоқоти Камчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, бо Сергей Вакунов, сафири Русия дар ин кишвар қабул шудааст.

Ёдрас мешавем, ки  дар доираи ин қазия ба ғайри Секерина боз се нафари дигар, аз ҷумла Сергей Лапушкин, корманди бахши матбуоти шаҳрдории Ош, Виктор Василев, шореҳи Оҷонсии иттилоотии "Регнум" ва як шахси дигар, ки номаш ошкор нашудааст, боздошт шуда буданд.

Боздоштшудаҳо дар ҷалб, маблағгузорӣ, таъминоти моддӣ ва таълими зархаридон бо мақсади истифода аз онҳо дар даргириҳои мусаллаҳонаи давлатҳои дигар ё амалҳои зӯроварӣ, ки ба сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ ё поймол кардани тамомияти арзӣ, инчунин истифодаи зархаридон дар даргириҳо ва амалиёти низомӣ равона шудаанд, гумонбар дониста мешаванд.

Нисбати гумонбарон бар асоси моддаи “Зархаридӣ”-и (моддаи 416, қисми 1) -и Кодекси ҷиноятии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, намояндагии “Россотрудничество” дар Қирғизистон аз боздошти Наталя Секерина изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, ки Наталя Секерина шаҳрванди Қирғизистон аст ва аз моҳи июли соли гузашта ҳамчун масъули робита бо ВАО-и филиали онҳо дар Ош кор мекард.

Чанд моҳ қабл мақомоти Озарбойҷон аз баста шудани “Хонаи Русия” дар Боку хабар доданд. Ҳукумати ин кишвар гуфтааст, ки Озарбойҷон “дигар дахолати берунаро ба корҳои дохилии худ таҳаммул кардан намехоҳанд”.

Бояд гуфт, ки “Хонаи Русия”, як бахши созмони русии “Россотрудничество”  мебошад, ки асосан дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон озодона фаъолият дорад. Ин созмон аз моҳи июли соли 2022 дар феҳристи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.