Дирӯз, 22-юми май, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, дар иҷлосияи якуми худ, Шартнома миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро ба тасвиб расонидааст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар додааст.

Шартномаи мазкур ҳанӯз 31-уми марти соли ҷорӣ аз ҷониби раисҷумҳурҳои се кишвар дар ба имзо расида буд.

Имзои шартнома дар пайи ҳалли баҳсҳои марзи миёни кишварҳои минтақа, ки солҳо ин ҷониб идома дошт, имконпазир гашт. Давоми чанд соли охир се кишвари ҳамсоя тавонистанд ҳамаи баҳсҳои марзиро, ки дар солҳои гуногун боиси даргириҳои мусаллаҳона ҳам гардида буд, тариқи музокира ҳал кунанд.

Аз ҳалли мусбати баҳсҳои марзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумдла Тоҷикистону Қирғизистон, созмонҳои ҷаҳони ва кишварҳои хориҷӣ истиқбол карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.