Аз рӯи натиҷаҳои аввали "Форуми сулҳи Фарғона", ки 15-16-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор шуд, байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон рушди лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисод, гумнаитарӣ ва экологӣ платформаи доимӣ таъсис дода мешавад.
Дар ин бора хабаргузории "Фарғона" хабар дода навиштааст, ки дар ҳамоиш роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қирғизистон ширкат кардаанд.
Ҳамоиш бо ибтикори Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди президенти Ӯзбекистон, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ таҳти шиори "Водии Фарғона: муттаҳидсозии талошҳо ба хотири сулҳу пешрафт" баргузор шуд.
Дар кори он ҳамчунин, намояндагони САҲА ва Иттиҳоди Аврупо, коршиносони марказҳои таҳлилӣ аз кишварҳои ИДМ, Осиё, Аврупо ва Амрико, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, тиҷорату илм ва созмонҳои ҷавонони Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд..
Элдор Орифов, директори Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии назди президенти Ӯзбекистон гуфт, ки форум на танҳо як майдон барои баррасии масъалаҳо, балки иқдомест ҷиҳати ташаккули фалсафаи нави ҳамзистии минтақавӣ.

Ҳамоиш аз чунин ҳадафҳо иборат буд:
- ташаккули нигоҳи нав ба рушди водии Фарғона;
- сафарбарсозии захираҳои дохилӣ ва беруна барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа;
- пешбурди таҷрибаи танзими баҳсҳои марзӣ ба сифати “модели намунавӣ” барои дигар минтақаҳо;
- бунёди нуфузи байнулмилалии минтақа ҳамчун фазои эътимод в муколама.
Аз рӯи натиҷаҳои кори Форум баёнияи муштарак қабул шуд.
Чорабинӣ ҳар се сол бо навбат дар яке аз кишварҳои водӣ мунтазам баргузор мешавад.
Водии Фарғона сераҳолитарин минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки тақрибан 17 млн нафар дар он зиндагӣ мекунанд. Қаламрави ин минтақа байни Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон тақсим шудааст.
Бино ба маълумоти Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳот, дар зарфи 8 сол маҷмӯи маҳсулоти умумии минтақавии водӣ аз 7,9 млрд доллар то 19,8 млрд доллар афзуда, рушди воқеӣ ҳудуди 60%-ро ташкил дод.
Содирот 2,4 баробар - то 2,7 млрд зиёд шуда, савдои муштараки Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсоя зиёда аз се баробар - то 1,6 млрд доллар афзуд. Дар минтақа ба маблағи 31,2 млрд доллар лоиҳаҳо амалӣ шуда, 975 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шудааст. Сатҳи камбизоатӣ аз 13,9% то 8,6% поин рафтааст.




