Иқтисодчӣ Муним Ҳасанов бар ин назар аст, ки бо ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон, робитаҳои зич бо дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ канда шуда, аз собиқ марказ ҳам кумаки доимӣ ба охир расид ва ҳамаи ин ба пайдо шудани қарзи хориҷии кишвари аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ рушднаёфтаи Тоҷикистон боис гардид.

«Мавҷуд набудани вазъи муносиби иҷтимоиву иқтисодӣ дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани қарзи хориҷии кишвар шуд», - қайд мешавад дар муаррифии гузориши корманди пешбари илмии Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АИ ҶТ Муним Ҳасанов дар мавзӯи « Қарзи давлатии хориҷии Тоҷикистон: дурнамо, ташаккул, вазъи ҷорӣ ва тамоилҳо».

Ба андешаи ӯ, аввали солҳои 90-уми асри гузашта «қисмате хеле зиёди захираҳои кории соҳибтаҷриба Тоҷикиситонро тарк карда, ба кишвар бештар рушдёфта рафтанд, ки ин ҳам ба пайдошавии қарзи хориҷӣ мусоидат кард».

«Бад шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки ҳам барои дастгирии бозори дохилии истеъмолӣ, ҳам барои рӯйпӯш кардани касри буҷет ва ҳам маблағгузории кофӣ аз хориҷа қарз пурсад», - қайд мекунад иқтисодчӣ.

Ҳамчунин яке аз сабабҳои дигар пайдошавии қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро коршинос ба хусусиятҳои мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, аз ҷумла дурӣ аз бозорҳои асосии молу маҳсулот ва хизматгузориву сармоя, мавҷуд набудани роҳи баромад ба баҳр низ рабт медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба аввали моҳи октябри соли равон қариб 2,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз оғози соли равон (аввали соли 2016 - ҳудуди 2 млрд. 182 млн. $) ба миқдори 118 млн. доллари ИМА афзудааст.

Дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ беш аз 2,1 млрд. доллари ИМА ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки Тоҷикистон аз ин кишвар дар маҷмӯъ қариб 1,2 млрд. доллари ИМА қарздор буда, ин нишондиҳанда аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ беш аз 52%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми қарзҳои гирифтаи Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ - ҳудуди 305 млн. доллари ИМА, аз Бонки осиёгии рушд - 262 млн. доллари ИМА ва аз Бонки исломии рушд - 108 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.