Вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Нуралӣ Риёев, ки то моҳи июни соли ҷорӣ ба ҳайси муовини аввали раиси ВМКБ фаъолият дошт, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки раиси нави таъиншудаи ВМКБ Ёдгор Файзов комилан метавонад бисёре аз мушкилоти вилоятро ҳал кунад.

“Файзов таҷрибаи роҳбарӣ ва муколама бо мардумро дошта, нисбати худ ва дигарон хеле серталаб ва сахтгир аст. Байни аҳолии вилоят обрӯву нуфуз дошта, рӯзҳои мушкил барои кишвар ва вилоят ҳамеша миёни мардум буд, ба онҳо сиёсати президент ва ҳукуматро шарҳ медод”, - қайд кард вакил.

Ба гуфтаи ӯ, маҳз Файзов ҳангоми рӯйдодҳои соли 2012 дар шаҳри Хоруғ нақши миёнарав байни ҳукумат ва собиқ фармондеҳони саҳроиро ба уҳда гирифта, “дар амал собит намуд, ки ҳам собиқ фармондеҳон ва ҳам намояндагони ҳукумат ӯро эҳтиром ва ба суханонаш гӯш медиҳанд”.

Вакили дигари палатаи поёнии парлумон аз ВМКБ Амрихудо Дамдор, ки замони шӯравӣ ҳамроҳи Ёдгор Файзов дар кумитаи вилоятии комсомол кор кардааст, ҳамчунин мутмаин аст, ки ӯ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бахубӣ мебарояд.

“Аз ҳама муҳимаш он аст, ки аксари аҳолии вилоят ба Файзов эътимод доранд, давраҳои вазнин ӯ миёни мардум буд, аз мушкилоти вилояти бахубӣ огаҳ буда, орзуву умедҳои мардуми минтақа барояш бегона нестанд”, - чунин мешуморад Дамдор.

Ёдгор Файзов 56-сола буда, зодаи ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон аст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси байтор мебошад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси ВМКБ.

Солҳои 80-ум ба кумитаи вилоятии комсомол (ҷавонон) роҳбарӣ карда, солҳои 90-ум ба кор дар сохторҳои Фонди Оғо Хон дар Тоҷикистон гузашт. То таъинот ба ин вазифа дар сохторҳои ин фонд ба сифати роҳбар кор мекард. Забонҳои англисӣ ва олмониро медонад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.