Тасмими раҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар бораи интиқоли маҳбусон тариқи автомашинаҳои махсуси барои ин амал таъиншуда (автозакҳо) хатари зиёд дошт, изҳор дошт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” мутахассисе, ки дар низоми ислоҳии Тоҷикистон беш аз 50 сол собиқаи корӣ дорад.

“Давоми таҷрибаи кории ман ба чунин роҳи дур то ин қадр маҳбусони шуморашон хеле зиёдро бо автомашинаҳо ҳеҷ гоҳ интиқол надода буданд. Онҳоро аз шимол ба ҷануб ҳамеша дар вагонҳои махус тариқи роҳи оҳан мефиристоданд”, - иброз дошт ин коршинос, ки нахост ному насабаш ифшо шавад.

“Роҳ аз Хуҷанд ба Душанбе на беш аз 6 соат вақтро талаб мекунад. Агар ба интиқоли маҳбусон бо автомашинаҳо хеле зиёд зарурат пеш омада буд, онҳоро на дар роҳ, балки пеш аз сафар дар Хуҷанд бо хӯроки гарм таъмин кардан лозим буд. Ғайр аз ин, интиқоли чунин шумори зиёди маҳбусон (128 нафар) тариқи автомашинаҳо барои гурехтани онҳо низ хатари зиёд пеш меорад, ки инро бояд ҳама кормандони ин низом бахубӣ донанд”, - таъкид дошт коршинос.

Дар идома ӯ қайд кард, ки “ҷой додани 128 нафар маҳбусон ҳатто дар автомашинаи бузургҳаҷм низ бо иловаи посбонон ба ҳеҷ як меъёре дуруст намеояд”.

Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия шарҳи назари коршиносро дар мавриди ин масъала қотеъона ба “Азия-Плюс” рад намуданд.

“Доир ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад, ки гунаҳкоронро ошкор мекунад”, - гуфтанд дар Сарраёсат.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7 июл ҳангоми интиқоли маҳбусон аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе 14 нафар аз онҳо бар асасри заҳролудшавӣ фавтиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.